Tuesday, September 29, 2026
Google search engine
HomeАмниятЁдбуди Умаралӣ Қувватов – 11 сол пас аз шаҳодат

Ёдбуди Умаралӣ Қувватов – 11 сол пас аз шаҳодат

Имрӯз барномаи ёдбуди Умаралӣ Қувватов, ки бо ташаббуси Созмони Ҷавонон Барои Эҳёи Тоҷикистон ташкил шуда буд, бо иштироки меҳмонони хос ва шунавандагони онлайн баргузор гардид.

Муҷрии барнома, Убайдулло Саидӣ, роҳбари Созмони Ҷавонон, дар оғоз ба иштирокчиён маълумоти муфассал дар бораи зиндагиномаи Умаралӣ Қувватов дод. Ӯ ба таври равшан тарзи зиндагӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, корҳои иҷтимоӣ ва муборизаҳои сиёсии марҳумро ба иштирокчиён ошно кард ва аҳамияти андешаҳои ӯ барои ҷомеаи тоҷикро шарҳ дод. Ин қисмати барнома ба шунавандагон имконият дод, ки шахсияти Умаралӣ Қувватовро на танҳо ҳамчун сиёсатмадор, балки ҳамчун инсон ва соҳибкори муваффақ низ бишиносанд.

Дар идомаи барнома Манучеҳри Куҳистонӣ ва Абдулҳа Халифа, меҳмонони махсус, фикру назари худро дар мавриди шаҳодати марҳум баён карданд. Онҳо аз саҳми Умаралӣ Қувватов дар муборизаҳои сиёсӣ, арзишҳои демократӣ ва талошҳои ӯ барои адолати иҷтимоӣ ёдовар шуданд. Ин бахш боиси барҷастагии нақши ӯ дар таърих ва ҷомеаи тоҷик гардид.

Илова бар ин, чанд нафар аз шунавандагони онлайн низ ба пахши мустақим пайвастанд ва фикру андешаҳои худро баён карданд. Ин ширкат ва ҳамоҳангии тамошобинон нишон дод, ки хотираи марҳум то ҳол дар миёни ҷавонон ва ҷомеа зинда аст ва андешаҳои ӯ барои ояндаи кишвар аҳамияти бештар доранд.

Барнома бо суҳбатҳои пурмазмун, хотироти шахсӣ ва шиносои мустақими Убайдулло Саидӣ бо Умаралӣ Қувватов хотима ёфт. Ҳузури меҳмонони махсус ва ҳамроҳии фаъолона ва пурҳавасмандонаи шунавандагон барномаеро ба воқеан хотирмон ва пурмазмун табдил дод.

Ин чорабинӣ имконият фароҳам овард, ки иштирокчиён бо шахсияти Умаралӣ Қувватов ва саҳми ӯ дар рушди андешаҳои демократӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон беҳтар шинос шаванд ва ёдоварии ӯ барои насли нав идома ёбад.

Хабарҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Ҳуқуқҳои Copyright © 2025 ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.