Изҳороти Созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон»
Ташаббуси вакилони Ҳизби либерал-демократи Русия (ЛДПР) дар бораи пулакӣ кардани таҳсили фарзандони муҳоҷирон дар синфҳои 10 ва 11 бори дигар нишон медиҳад, ки муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо то чӣ андоза метавонанд қурбонии сиёсатҳои маҳдудкунанда гарданд.
Солҳост, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо заҳмати сангин кор карда, дар пешрафти иқтисоди ин кишвар саҳм мегузоранд. Аммо имрӯз масъалаи маҳдуд кардани имконияти таҳсили фарзандони онҳо ба миён гузошта мешавад. Оё фарзанди муҳоҷир барои он ки падару модараш шаҳрванди Русия нестанд, бояд аз ҳуқуқи баробари таҳсил маҳрум гардад?
Кӯдак барои муҳоҷир будани падару модараш гунаҳкор нест! Маориф набояд воситаи фишори сиёсӣ ба оилаҳои муҳоҷир бошад. Агар Русия мехоҳад низоми маорифашро беҳтар кунад, бояд мактабҳои нав созад, омӯзгоронро дастгирӣ намояд ва маблағгузориро зиёд кунад, на ин ки барои кӯдакони муҳоҷир монеаи молиявӣ эҷод намояд.
Аммо саволи ҷиддӣ ба мақомоти Тоҷикистон низ равона мешавад: чаро дар баробари чунин ташаббусҳое, ки метавонанд ба ояндаи фарзандони муҳоҷирони тоҷик таъсир расонанд, мавқеи ошкоро ва қотеъи ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон ба таври кофӣ шунида намешавад?
Мо аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафорати кишвар дар Русия талаб мекунем, ки мавқеи расмии худро баён карда, бо ҷониби Русия барои ҳифзи ҳуқуқи фарзандони муҳоҷирон музокироти ҷиддӣ анҷом диҳанд. Дипломатия маънои хомӯшӣ надорад. Ҳимояи шаҳрвандон бояд яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат бошад.
Мо таъкид мекунем, ки танқиди ин ташаббус душманӣ бо мардуми Русия нест. Сухан дар бораи адолат, ҳуқуқи кӯдак ва ояндаи насли ҷавон меравад. Дӯстии воқеии халқҳо вақте устувор мемонад, ки ҳуқуқи инсон эҳтиром карда шавад.
Созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» аз ташаббускорони ин тарҳ даъват мекунад, ки аз маҳдуд кардани имконияти таҳсили кӯдакони муҳоҷир даст кашанд.
Имрӯз масъалаи таҳсили фарзандони муҳоҷирон аст, фардо метавонад ояндаи ҳазорон ҷавон зери хатар қарор гирад. Агар давлат барои ҳимояи ҳуқуқи фарзандони шаҳрвандони худ садо баланд накунад, пас муҳоҷирон дар лаҳзаҳои душвор ба кӣ такя кунанд?
Фарзандони муҳоҷирон низ фарзандони Тоҷикистонанд. Ҳимояи ҳуқуқи онҳо на танҳо масъулияти падару модар, балки вазифаи ахлоқии давлат ва ҷомеа мебошад.
Созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон»



