Friday, October 16, 2026
Google search engine
HomeАхборМулоқоти роҳбари Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон бо раиси нави Ҳаракати наҳзати...

Мулоқоти роҳбари Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон бо раиси нави Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон

Дар ҳошияи Конфронси САҲА роҳбари Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон Убайдулло Носиров бо раиси нави Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон Исломҷон Саидов мулоқот анҷом дод.

Убайдулло Носиров Исломҷон Саидовро ба муносибати интихоб шуданаш ба ин вазифаи нав табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбӣ ва пирӯзиҳо таманно намуд.

Зимни мулоқот Убайдулло Носиров таъкид кард, ки Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон омода аст дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳамкорӣ намуда, дар чунин барномаҳо фаъолона иштирок кунад.

Ӯ изҳор дошт, ки созмон барои ҳамкорӣ ва иштирок дар ҳар гуна ташаббусҳои фарҳангӣ ва сиёсие, ки ба ҳамкорӣ ва иштироки ҷавонон алоқаманданд, омода мебошад.

Хабарҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Ҳуқуқҳои Copyright © 2025 ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.