Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон дар доираи рушди минбаъдаи фаъолияти худ ва такмили ҳувияти визуалӣ логотипи нави созмонро муаррифӣ менамояд.
Логотип ҳамчун унсури муҳими шинохти созмон, дар муаррифии арзишҳо, ҳадафҳо ва фаъолияти он нақши муҳим дорад. Дар тарҳи нави логотип шакли графикӣ ва композитсия навсозӣ шуда, номи «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» ҳамчун унсури марказии он ҷой гирифтааст. Истифодаи рангҳои сурх, сафед, сиёҳ ва сабз ба тарҳ хусусияти хоси миллӣ ва ҳамзамон намуди муосир мебахшад.
Логотипи қаблии «YOUTH TAJIKISTAN» дар марҳилаи пешини фаъолияти созмон ҳамчун нишони визуалӣ истифода мешуд. Навсозии логотип тағйири номи расмии созмонро дар назар надорад; «Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» номи расмӣ ва пурраи созмон боқӣ мемонад.
Аз ин пас логотипи нав дар маводи расмӣ, иттилоотӣ ва муаррифии созмон, аз ҷумла дар сомонаи расмӣ ва саҳифаҳои иҷтимоии он, ҳамчун нишони визуалии созмон истифода хоҳад шуд.
Навсозии логотип қадаме дар самти таҳкими ҳувияти визуалӣ ва муаррифии муосири Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон мебошад.



