Созмони Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон бо нигаронии амиқ ва норозигии шадид вазъи воқеии илму дониш дар кишварро маҳкум мекунад. Имрӯз илм ба як саҳнаи намоишӣ табдил ёфтааст, ки дар он унвонҳо на бар асоси заҳмати илмӣ, балки бар пояи робитаҳои сиёсӣ ва наздикӣ ба ҳокимият тақсим мешаванд. Дар ҳоле ки олимони воқеӣ ва мустақил — ба мисли Абдулқодири Рустам ва Шокирҷон Ҳакимов — ба фишор, таъқиб ва маҳдудият рӯбарӯ мешаванд, барои наздикони ҳокимият “дастовардҳои илмӣ” дар шароити пӯшида ва бидуни шаффофият ташкил карда мешаванд. Ин раванд таҳқири мустақими илм ва аз байн бурдани эътимоди ҷомеа ба дониш аст.
Созмон инчунин амалҳои вобаста ба тақсими мансабҳо ва имкониятҳо дар доираи як хонаводаи ҳокимро сахт маҳкум мекунад. Ҳузури густурдаи аъзои хонаводаи Эмомалӣ Раҳмонов дар мансабҳои калидии давлатӣ нишон медиҳад, ки дар кишвар на принсипи шоистасолорӣ, балки низоми вобастагӣ ва тақсими манфиатҳо ҳукмрон аст.
Мавриди ахир — ба даст овардани унвони илмӣ аз ҷониби Фарзонаи Эмомалӣ — дар шароите сурат мегирад, ки раванди дифоъ пурра норавшан аст. Набудани иттилооти дақиқ дар бораи ҷараёни ҳимоя ва арзёбии илмӣ саволҳои ҷиддиро дар бораи қонунмандӣ ва адолати чунин “комёбиҳо” ба миён меорад. Ин гуна амалҳо танҳо нишон медиҳанд, ки илм ба як абзори таблиғотӣ табдил дода шудааст.
Ҳузури чеҳраҳое чун Озода Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар мансабҳои баланд, дар баробари дигар аъзои хонавода, далели равшани он аст, ки роҳҳои болоравӣ барои аксари ҷавонони кишвар баста шудаанд. Вақте имкониятҳо танҳо барои як доираи маҳдуд дастрасанд, сухан аз адолат ва рушди воқеӣ маънои худро гум мекунад.
Ин вазъият на танҳо иқтисод ва идоракунии давлатро заиф мекунад, балки ба рӯҳия ва эътиқоди насли ҷавон зарбаи ҷиддӣ мерасонад. Ҷавонон мебинанд, ки меҳнат, дониш ва истеъдод арзиш надоранд, агар пуштибон ва “насаби дуруст” набошад.
Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон талаб мекунад:
- Таъмини шаффофияти комил дар додани унвонҳои илмӣ ва фаъолияти муассисаҳои академӣ
- Қатъи фаврии фишор ба олимон ва зиёиёни мустақил
- Барқарор кардани принсипи баробарии имкониятҳо дар таъйини мансабҳо
- Ҷорӣ намудани механизмҳои мустақили назоратӣ барои пешгирии сӯистифода аз қудрат
Мо эълом менамоем, ки ояндаи кишварро на як хонавода, балки ҷомеаи озод, донишманд ва адолатталаб месозад. Давом додани чунин сиёсати намоишӣ ва беадолатона танҳо фосилаи байни мардум ва ҳокимиятро амиқтар намуда, эътимоди ҷомеаро пурра аз байн мебарад.



