Дар рӯзи аввали конфронс Убайдулло Носиров дар баррасии масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон, озодиҳои шаҳрвандӣ ва нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа иштирок намуда, мавқеи худро оид ба як қатор масъалаҳои муҳим баён кард.
Зимни суханронии худ ӯ, аз ҷумла, ба масъалаи ҳуқуқу озодиҳои ҷавонон, озодии баён ва андеша, таъмини ҳуқуқ ба таҳсил ва меҳнат, иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, ки ҷавонон бояд ҳамчун як неруи муҳими ҷомеа дар қабули қарорҳо ва ташаккули ояндаи кишвар нақши бештар дошта бошанд.
Дар идомаи суханронӣ Убайдулло Носиров масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, зарурати риояи волоияти қонун, таъмини мурофиаи одилонаи судӣ ва пешгирии муносибати бераҳмона ва шиканҷа-ро низ матраҳ намуд.
Ӯ иброз дошт, ки баррасии масъалаҳои ҳуқуқи инсон набояд ҳамчун муқобилият ба давлат ё миллат арзёбӣ гардад. Ба гуфтаи ӯ, муҳокимаи ошкоро ва созандаи мушкилоти мавҷуда метавонад барои беҳтар намудани вазъи ҷомеа ва таҳкими эътимод ба ояндаи кишвар мусоидат намояд.
Дар фарҷоми суханронӣ роҳбари Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон ба зарурати шунидани садои ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои иштироки осоишта ва созанда дар ҳаёти ҷомеа таъкид кард.
Рӯзи аввали конфронс бо баррасии масъалаҳои муҳими марбут ба ҳуқуқи инсон, демократия, озодиҳои шаҳрвандӣ ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ идома ёфт.



