Дар ҳошияи Конфронси САҲА роҳбари Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон Убайдулло Носиров бо раиси нави Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон Исломҷон Саидов мулоқот анҷом дод.
Убайдулло Носиров Исломҷон Саидовро ба муносибати интихоб шуданаш ба ин вазифаи нав табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбӣ ва пирӯзиҳо таманно намуд.
Зимни мулоқот Убайдулло Носиров таъкид кард, ки Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон омода аст дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳамкорӣ намуда, дар чунин барномаҳо фаъолона иштирок кунад.
Ӯ изҳор дошт, ки созмон барои ҳамкорӣ ва иштирок дар ҳар гуна ташаббусҳои фарҳангӣ ва сиёсие, ки ба ҳамкорӣ ва иштироки ҷавонон алоқаманданд, омода мебошад.



