Дар ҳошияи конфронси САҲА роҳбари Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон Убайдулло Носиров бо хонум Светлана Тихановская мулоқот ва суҳбати созанда анҷом дод.
Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба масъалаҳои марбут ба вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқи инсон дар кишварҳои пасошӯравӣ, нақши неруҳои демократӣ ва аҳамияти ҳамоҳангсозии фаъолияти намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳаракатҳои мухолиф мубодилаи афкор намуданд.
Дар рафти мулоқот Убайдулло Носиров пешниҳод намуд, ки бо ташаббуси хонум Тихановская як платформаи муштараки ҳамоҳангсозӣ таъсис дода шавад, ки метавонад намояндагони мухолифин ва неруҳои демократии кишварҳои пасошӯравиро ба ҳам оварда, барои табодули таҷриба ва ҳамкории бештар миёни онҳо замина фароҳам созад.
Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки дар доираи конфронси САҲА дар соли 2027 як мулоқоти муштараки намояндагони неруҳои мухолиф ва демократии кишварҳои пасошӯравӣ бо иштироки Светлана Тихановская баргузор карда шавад.
Ба гуфтаи Убайдулло Носиров, чунин ташаббус метавонад барои таҳкими ҳамбастагӣ, ҳамоҳангсозии талошҳо ва эҷоди ҳамкории васеътар миёни неруҳои демократии минтақа мусоидат намояд.
Ӯ таъкид кард, ки дар шароити кунунӣ ҳамкории миёни намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон ва неруҳои демократии кишварҳои пасошӯравӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Мулоқот дар фазои созанда баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва баррасии имкониятҳои ҳамкории минбаъда баён карданд



