بسم الله الرحمن الرحيم
«وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَىٰ»
(Сураи Моида, ояти 2)
“Дар роҳи некӣ ва парҳезгорӣ якдигарро мадад намоед.”
Бо номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон фарорасии иди саиди Қурбонро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли уммати мусулмон самимона табрик ва шодбош мегӯяд.
Иди Қурбон яке аз бузургтарин ва муқаддастарин ойинҳои дини мубини Ислом буда, таҷассумгари рӯҳи ихлос, фидокорӣ, инсондӯстӣ ва таслими комил дар баробари иродаи Парвардигор мебошад. Ин иди муборак инсонро ба покии ният, таҳкими бародарӣ, эҳтироми арзишҳои волои ахлоқӣ ва дасти ёрӣ дароз намудан ба ниёзмандон ҳидоят мекунад.
Дар ин рӯзҳои пурфайзу баракат, ки қалбҳо ба меҳрубонӣ ва шафқат наздиктар мегарданд, мо аз ятимон, бепарасторон, беморон, муҳоҷирони ранҷкашида ва хонаводаҳои камбизоат ёдовар мешавем. Рӯҳи аслии иди Қурбон дар эҳсон, саховат ва ғамхорӣ нисбат ба муҳтоҷон таҷассум меёбад. Аз ин рӯ, ҳар фарди соҳибвиҷдонро мебояд, ки дар чунин айём аз аҳволи ниёзмандон ғофил набошад, ба онҳо дасти мадад дароз намояд ва бо амали неке дар қалби ранҷдидае умеду рӯшанӣ биафрӯзад.
Ҳамзамон, дар ин айёми муборак мо аз ҳамаи зиндониёни сиёсӣ ва мазлуме, ки ноҳақ аз озодӣ маҳрум гардидаанд, низ ёд мекунем. Аз даргоҳи Худованди мутаъол барои онҳо сабру матонат, барои пайвандонашон оромиши дил ва барои ҳамаи мазлумон адолату раҳоӣ металабем. Зеро ҷомеае, ки бар пояи адолат, ҳақиқат ва эҳтироми каромати инсон бунёд гардад, метавонад ба сӯи сулҳу суботи пойдор ва пешрафти воқеӣ қадамҳои устувор бигзорад.
Имрӯз ҷомеаи мо беш аз ҳар вақти дигар ба ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми мутақобил ниёз дорад. Ҷавонон ҳамчун нерӯи бедор ва созандаи миллат бояд дар роҳи ҳифзи арзишҳои динӣ ва миллӣ, таҳкими сулҳу оромӣ, густариши маърифат ва хизмати содиқона ба мардум пешсаф бошанд.
Бигзор иди саиди Қурбон ба ҳар хонадони тоҷик файзу баракат, оромиш, меҳру сафо ва ризқи ҳалол оварад. Орзу менамоем, ки фазои сулҳу субот, адолат ва ҳамбастагӣ дар Тоҷикистони азизамон ҳарчи бештар таҳким ёбад ва миллати мо ҳамеша сарбаланд, муттаҳид ва хушрӯзгор боқӣ бимонад.
Иди Қурбон муборак бод!
Бо эҳтиром,
Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон



