Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Ҳамватанони гиромӣ, мардуми сарбаланду фарҳангпарвари Тоҷикистон ва тамоми мусалмонони ҷаҳон!
Бо камоли эҳтиром ва самимият фарорасии Иди саиди Фитрро ба ҳар яки шумо самимона табрик ва таҳният мегӯям. Ин иди муборак, ки пас аз анҷоми моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад, таҷассумгари арзишҳои волои инсонӣ, покиву таҳорат, сабру таҳаммул, эҳсону саховат ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад.
Моҳи мубораки Рамазон барои ҳар яки мо мактаби бузурги инсонгарӣ, худсозӣ ва тарбияи рӯҳу маънавиёт гардид. Дар ин моҳи шариф мо омӯхтем, ки чӣ гуна бо сабр, таҳаммул ва эҳсони нек ба якдигар наздиктар шавем ва арзишҳои диниву ахлоқиро дар зиндагии худ татбиқ намоем. Умедворам, ки ин фазилатҳои нек дар қалбҳои мо боқӣ монда, дар таҳкими ваҳдат, дӯстӣ ва пешрафти ҷомеа нақши муассир хоҳанд гузошт.
Дар ин рӯзи саид ба ҳар хонадони тоҷик оромӣ, файзу баракат, ризқу рӯзии фаровон ва саломатии бардавом орзу менамоям. Бигзор сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар Тоҷикистони азизамон ҳамеша пойдор бошад.
Ҳамчунин дар ин рӯзи муборак бо дилҳои пур аз ихлос ва умеди нек дуо мекунем, ки Парвардигори меҳрубон зулму ситамро аз сари тамоми мусалмонон ва кулли башарият бардорад ва дар ҷаҳон сулҳу амонӣ пойдор гардонад.
Дуо мекунем, ки мардуми Тоҷикистон ва ҳамаи онҳое, ки бо мушкилоту маҳдудиятҳо дар роҳи пайравӣ ба арзишҳои динию маънавии худ рӯ ба рӯ ҳастанд, ба адолат, фаҳмиш ва шароити беҳтари зиндагӣ ноил гарданд. Бигзор озодии виҷдон, эҳтироми арзишҳо ва ҳуқуқи инсон дар ҳама ҷомеаҳо таҳким ёбад.
Аз Худованд илтиҷо дорем, ки ба ҳар сарзамин сулҳу оромӣ, ба ҳар хонадон баракат ва ба ҳар дил умеду сабр ато намояд.
Омин.
Бо эҳтиром,
Убайдулло Саидӣ
Роҳбари Созмони Ҷавонон Барои Эҳёи Тоҷикистон



