Абдулло Вазиров, ҷарроҳи 78-сола аз ноҳияи Рашт, ки соли 2023 бо гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ифротӣ боздошт ва панҷ сол ҳабс шуда буд, пеш аз анҷоми муҳлати ҷазо аз зиндон озод гардид.
Наздиконаш мегӯянд, ки раҳоии ӯ бар асоси фармони авфи президент Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Дар моҳи марти имсол, раисиҷумҳур фармонеро имзо кард, ки бар асоси он садҳо маҳбус бахшида шуданд.
Абдулло Вазиров, ки дар наворе пас аз озодӣ суханронӣ мекард, озодиро “неъмати беҳтарин” номидааст. Наздиконаш мегӯянд, ки ӯ ҳоло дар зодгоҳаш, деҳаи Муллобароти ноҳияи Рашт қарор дорад, гарчанде вазъи саломатияш чандон хуб нест.
Ин ҷарроҳ қаблан низ бо иттиҳоми кумак ба Аловуддин Давлатов, маъруф ба Алии Бедакӣ, боздошт ва сипас бо авф озод шуда буд. Ӯ ҳамеша иддао мекард, ки бегуноҳ аст ва танҳо вазифаи касбии худро анҷом додааст.
Мақомот Алии Бедакиро ба ташкили ҳамла ба корвони нерӯҳои Вазорати дифоъ дар соли 2010 муттаҳам карда буданд, ки дар натиҷаи он 26 сарбоз ҷони худро аз даст доданд.
Дар робита ба қазияи Вазиров, Исфандиёр Одинa, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, чунин изҳор дошт:
“Ин пизишки маъруф бе ҳеч гуноҳе зиндон шуда буд, танҳо ба хотири он ки гуфта мешуд, ҷароҳатҳои Алии Бедакиро дармон кардааст. Бар асоси ахлоқи тиббӣ ва Ҳуқуқи Байналмилалии Башардӯстона, ҳар пизишке муваззаф аст ба ҳар шахсе, ки ниёз ба ёрии тиббӣ дорад, кумак расонад, новобаста аз он ки ӯ кӣ аст – дӯст ё душман, мухолифи давлат ё мувофиқи он, мансабдор ё шахси оддӣ.
Пизишк бояд бе ягон табъиз ёри расонад ва ҳамзамон сирри беморонро ҳифз кунад. Ҳеч давлат ҳақ надорад табиберо ҷазо диҳад, ки ба як шахси муттаҳам ё мухолиф ёрии тиббӣ расонидааст ё водор кунад, ки маҳалли буду боши беморонро ошкор созад.
Ҳукумате, ки пизишконро барои иҷрои вазифаи касбиашон ҷазо медиҳад, ҳуқуқи байналмилалиро поймол мекунад ва ба арзишҳои башарӣ хиёнат менамояд. Баръакс, шахсоне, ки чунин рафторҳои зиддибашариро алайҳи табибон анҷом медиҳанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.”