Бо камоли самимият ва эҳтиром, фаро расидани моҳи мубораки Рамазон – моҳи раҳмат, мағфират ва наҷотро ба ҳамаи шумо табрик мегӯем!
Моҳи Рамазон, ки Худованд онро дар Қуръони Карим ҳамчун моҳи ҳидоят ва раҳмат зикр кардааст, барои ҳар як мусалмон фурсати беҳтарини тақвият бахшидани имон, тавба, сабру таҳаммул ва анҷом додани аъмоли нек мебошад:
“Моҳи Рамазон аст, ки Қуръон дар он нозил шудааст, ҳамчун ҳидоят барои мардум ва далелҳои равшан аз ҳидоят ва фарқкунанда (байни ҳақ ва ботил)…” (Сураи Бақара, 2:185).
Ин моҳ на танҳо барои парҳез аз хӯрдану нӯшидан, балки барои поксозии рӯҳ, тарбияи нафс ва таҳкими ҳамдиливу саховат аст. Рамазон моро водор мекунад, ки ба ниёзмандон бештар кӯмак расонем, дилҳоро аз кинаву кудурат пок созем ва бо ихлосу самимият рӯ ба сӯи Худованд орем.
Имсол моҳи шарифи Рамазон дар ҳоле фаро мерасад, ки ҷаҳони ислом бо озмоишҳои бузург рӯбарӯ аст.
Дар гӯшаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла дар Фаластин, Ғазза, Яман, Сурия, Афғонистон ва Кашмир, ҳазорон мусалмон зери зулму бедодӣ қарор доранд. Хусусан дар Ғазза, мардуми бегуноҳ зери бомбаборон ва муҳосира қарор гирифта, ҳар рӯз шоҳиди қатли кӯдакон, занон ва пиронсолон ҳастем.
Паёмбари Акрам (с) фармудаанд:
“Мусалмонон ҳамчун як ҷасаданд. Агар як узве аз он дард кунад, тамоми ҷасад бо ӯ ҳамдард мешавад.” (Ҳадиси Бухорӣ ва Муслим)
Аз ин рӯ, мо аз ҳамаи мусалмонон даъват мекунем, ки дар дуоҳо ва амалҳои хайр бародарону хоҳарони мазлуми худро фаромӯш накунанд. Дуо кунем, ки Худованд зулмро аз болои мардуми мазлум бардорад, ба осебдидагон сабру нерӯ ато кунад ва тамоми ҷаҳони исломро дар сулҳу оромӣ нигоҳ дорад.
Мо умедворем, ки имсол моҳи мубораки Рамазонро мардуми мусалмони Тоҷикистон дар фазои орому осоишта сипарӣ мекунанд, агарчӣ дар гузашта ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар ин моҳи муқаддас даст ба зулму ҷиноят зада, бегуноҳонро ба қатл расондааст, аз ҷумла қатли зиндониёни Хуҷанд.
Дар ин моҳи пурбаракат, бигзор дилҳоямон бо муҳаббат, саховат ва итоати Парвардигор равшан гардад. Ба ҳар хонадони тоҷик сулҳу осоиш, баракат ва раҳмати илоҳӣ таманно дорем!
Моҳи шарифи Рамазон муборак бод!
Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон