Monday, April 28, 2025
Google search engine
HomeАмниятНанги ҷомеаи тоҷик ва хомӯшии ҷомеаи ҷаҳонӣ

Нанги ҷомеаи тоҷик ва хомӯшии ҷомеаи ҷаҳонӣ

Қазияи Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори 31-сола ва модари ду фарзанд, ки яке аз онҳо кӯдаки ширхор аст, доғи нангин бар чеҳраи ҷомеаи тоҷик мебошад. Ӯ, ки пештар дар нашрияҳои маҳаллии Тоҷикистон фаъолият мекард ва бо таҳқиқоти рӯзноманигории худ маъруф буд, имрӯз бо иттиҳоми ноодилонаи “хиёнат ба давлат” рӯ ба рӯ шуда, ба 17 соли зиндон таҳдид мешавад. Мақомот ӯро бо парвандаи баҳсбарангези “талоши табаддулот” пайванд додаанд, аммо далелҳои возеҳ ва шаффоф дар даст нест. Бо вуҷуди кӯдаки ширхор доштан, таҳти фишор ва шиканҷа қарор дорад. Ин қазия нишон медиҳад, ки ҷомеа наметавонад аз як зан ва модари ҷавон, ки танҳо “гуноҳаш” изҳори андеша аст, ҳимоя кунад.

Нанг аст, ки ҷомеае, ки дар таърихаш анъанаҳои ҳимояи заифон ва эҳтиром ба модаронро дорад, имрӯз аз рӯ ба рӯ шудан бо ҳақиқат ва ҳифзи як зан метарсад. Чаро? Зеро озодии баён ва интиқод имрӯз ба ҷиноят баробар дониста шудааст. Чӣ гуна ҷомеа метавонад худро озод ва одил бидонад, вақте ки як рӯзноманигор барои изҳори назараш маҳкум мешавад ва касе ҳатто ҷуръати садо баланд кардан надорад?

Аммо нанг танҳо ба ҷомеаи тоҷик маҳдуд намешавад. Хомӯшии ҷомеаи байналмилалӣ низ, ки бо вуҷуди саркӯбҳо, фишорҳо ва ҳукмҳои ноодилона бо ин ҳукумат ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ мекунад, бетафовутӣ ва манфиатҷӯии онро нишон медиҳад. Созмонҳои бонуфуз ва кишварҳои қудратманд, ки иддаои ҳимояти ҳуқуқи инсон доранд, чаро дар баробари чунин беадолатӣ сукут ихтиёр мекунанд? Оё арзиши тиҷорат ва манфиатҳои геополитикӣ аз ҳуқуқи як модар ва рӯзноманигор болотар аст?

Ин қазия бояд зангӯлаи бедорӣ барои ҳар ду ҷониб бошад. Барои ҷомеаи тоҷик то бидонад, ки сукуташ танҳо боиси афзоиши фишор хоҳад шуд. Ва барои ҷомеаи байналмилалӣ то фаҳмад, ки бо нодида гирифтани чунин қазияҳо обрӯ ва эътибораш дар ҳифзи арзишҳои инсонӣ аз байн меравад.

Бо Эҳтиром,

Созмони Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон

Хабарҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Ҳуқуқҳои Copyright © 2025 ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.