Thursday, March 13, 2025
Google search engine
HomeҲуқуқи инсонМарги Қулмамад Паллаев, нишонаи заъфи ҳукумат ва хомӯшии фоҷиабори миллат аст.

Марги Қулмамад Паллаев, нишонаи заъфи ҳукумат ва хомӯшии фоҷиабори миллат аст.

Марги фоҷиабори Қулмамад Паллаев, фаъоли шаҳвандӣ ва муборизи ҳақиқат, на танҳо ҷинояти ошкори режими худкомаи Тоҷикистон аст, балки як оинаи талхест, ки заъфи ҳукумат ва хомӯшии миллатро нишон медиҳад.

Як ҳукумате, ки бо шиканҷа, зулм ва қатли озодандешон қудрати худро ҳифз мекунад, ҳукумати қавӣ нест, балки ҳукумати тарсу ва нотавон аст. Марги Қулмамад дар зиндон ва беэътиноии фоҷиабори маъмурияти зиндон ба вазъи саломатии ӯ далели возеҳест, ки ин режим натанҳо аз ҳақиқат метарсад, балки барои зинда монданаш ҳатто қонунҳои инсониро зери по мекунад.

Паллаев дар набард барои адолат ва ҳуқуқи шаҳрвандон ҷонашро фидо кард. Ӯ на як ҷинояткор буд, на як хиёнаткор. Ӯ як инсони озодандеш буд, ки аз адолат ва ҳуқуқи мардумаш ҳимоят мекард. Аммо ҳукумат ӯро ба зиндон партофт, шиканҷа кард ва, дар ниҳоят, ба марг маҳкум намуд. Ин қатли пинҳонӣ аст, ки бо номи “даргузашти фалони аз ину он беморӣ” амалӣ карда шуд.

Аммо бигзор як саволи муҳиме матраҳ шавад, вақте ки ҳукумат зулм мекунад, миллат куҷост? Хомӯшии мо, хомӯшии мардум, хомӯшии миллат, моро шарики ғайримустақими ин ҷиноятҳо мекунад. Ҳар як қатл, ҳар як шиканҷа, ҳар як беадолатие, ки аз тарафи режими худкома амалӣ мешавад ва мо онро бе вокуниш қабул мекунем, нишонаи заъфи мо ҳамчун миллат аст.

Мо то кай нозир мемонем? То кай дар паси хомӯшии худ паноҳ мебарем? Маҳз ҳамин тарс, ҳамин хомӯшӣ, ҳамин беэътиноӣ ба марги як инсон, ки барои ҳақиқат мубориза мебурд, моро дар дасти ҳукумати худкома нотавонтар месозад.

Марги Паллаев бояд барои ҳар як фарди боинсоф як даъвати бедорӣ бошад. Мо бояд бифаҳмем, ки ҳукумате, ки озодандешонро мекушад, бо адолат ягон иртибот надорад. Ҳукумате, ки мардумашро шиканҷа мекунад, ҳукумат нест, балки душмани халқ аст. Ва вақте ки мо хомӯш мемонем, мо ба ин зулм шарик мешавем.

Аз номи Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон, мо қотеъона мегӯем, ки марги Қулмамад Паллаев нангест барои режими худкома ва тири дардноке ба виҷдони хомӯши миллати мо. Вақти он расидааст, ки миллат бедор шавад, ки мардум бар зидди ин зулм садо баланд кунанд ва дигар ҳеҷ озодандеше дар ин хомӯшии фоҷиабор ҷон надиҳад.

Қулмамад Паллаев зинда аст, зеро ҳар қатраи хуни ӯ дар дили ҳар як инсон бо виҷдони бедор метапад. Аммо суоли асосӣ ин аст, ки мо кай зинда мешавем?

Бо хашму андӯҳи бепоён,

Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон

Хабарҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Ҳуқуқҳои Copyright © 2025 ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.