Tuesday, March 11, 2025
Google search engine
HomeАхборИмрӯз як сол пурра мешавад аз нопадидшавии Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов

Имрӯз як сол пурра мешавад аз нопадидшавии Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов

Имрӯз, 10 март, як сол аз лаҳзаи нопадидшавии Сӯҳроб Зафар, роҳбари ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ва намояндаи ин ҳаракат дар Туркия, Насимҷон Шарипов сипарӣ мешавад. Ҳодисаи нопадидшавии онҳо як саҳифаи талхи таърихи муборизаи сиёсии Тоҷикистонро боз кард, ки то имрӯз бе посух боқӣ мондааст.

Сӯҳроб Зафар ҳамчун як шахсияти матин ва роҳбари ҷасур дар сафи пеши мубориза барои адолат ва озодӣ қарор дошт. Вай, бо эътиқоду садоқат ба ормонҳои миллӣ, тавонист ҳаракати парокандаро дубора муттаҳид созад ва ба он нерӯ ва нуфузи нав бахшад. Нопадидшавии ӯ ва ҳамроҳаш, ки дар шароити пӯшида ва ғайриқонунӣ сурат гирифт, ҷомеаи тоҷикро ба таҳлука андохт.

Сӯҳроб Зафар пас аз шаҳодати Умаралӣ Қувватов ба роҳбарии “Гурӯҳи 24” интихоб шуд. Дар замоне ки ҳаракат дар ҳолати парокандагӣ ва рукуд қарор дошт, ӯ бо ҷасорати бемисл тавонист онро дубора зинда кунад ва нуфузи онро дар байни ҷавонон ва муҳити сиёсӣ тақвият бахшад.

Фаъолияти сиёсӣ ва иродаи қавии Сӯҳроб боиси он шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон бо тамоми роҳҳо барои хомӯш кардани садои ӯ талош кунад. Дар моҳи марти соли 2024, пас аз он ки ӯ дар Туркия ғайб зад, хабари интиқоли пинҳонии ӯ ба Тоҷикистон ҷомеаи сиёсиро такон дод. Баъдан, додгоҳи Тоҷикистон дар муҳокимаи пушти дарҳои баста ӯро ба 30 сол ва Насимҷон Шариповро ба 20 сол зиндон маҳкум кард.

Сӯҳроб Зафар ҳангоми муҳокима бо сари баланд ва бе тарс гуфт:

“Ман ҳеҷ амали ғайриқонунӣ анҷом надодаам, ҳаққи касеро нахӯрдаам ва аз роҳи мубориза барои адолат рӯ намегардонам.”

Ин суханони ӯ далели он аст, ки муборизаи Сӯҳроб танҳо як талоши шахсӣ набуд, балки садои хомӯшшудаи тамоми насли ҷавони тоҷик буд, ки озодии сухан ва адолатро тақозо доранд.

Яке аз масъалаҳои асосии ин қазия он аст, ки тамоми ҷиноятҳое, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон содир мешаванд, аз ҷумла парвандаи Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов, беҷавоб мемонанд. Ин амалҳо на танҳо нақзи ҳуқуқи башар ва озодиҳои сиёсӣ мебошанд, балки ҷиноятҳои ошкори байналмилалӣ ҳастанд. Равиши ғайриқонунии рабудан ва интиқоли онҳо ба Тоҷикистон, истифодаи шиканҷа ва муҳокимаҳои ғайришаффоф — ҳамааш хилофи конвенсияҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои адолат аст.

Аммо бо вуҷуди он ки созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ба мисли Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, борҳо ин гуна амалҳоро маҳкум кардаанд, то кунун ҳеҷ кишвар ё созмоне натавонистааст ҳукумати Тоҷикистон ё омилони ин ҷиноятҳоро ба ҷавобгарӣ кашад. Ин беҷавоб мондани ҷиноятҳо сабаб шудааст, ки низоми ҳоким бо густохӣ ва бе ягон тарс ба саркӯбии мухолифон ва муборизони озодӣ идома диҳад.

Танҳо худи мардуми Тоҷикистон қудрати воқеиро доранд, ки ин низоми золимро тағйир диҳанд. Таърих собит кардааст, ки вақте мардум муттаҳид мешаванд, ҳатто диктаторҳои бераҳмтарин наметавонанд муқобили иродаи мардум истодагӣ кунанд. Инқилоби мардумӣ ягона роҳи наҷот аз ин золимон ва ҷавобгар кардани ҷинояткорон аст.

Мо, мардуми Тоҷикистон, бояд дарк кунем, ки ҳеҷ созмони байналмилалӣ ва ҳеҷ кишвари хориҷӣ барои озод кардани шахсиятҳое чун Сӯҳроб Зафар талош нахоҳад кард. Агар мо имрӯз барои адолат барнахезем, фардо таърих моро ҳамчун насле, ки ҳаққи озодии худро ба тарс ва сукут фурӯхт, ба ёд хоҳад овард.

Як сол пас аз он воқеа, номи Сӯҳроб Зафар барои ҷавонони тоҷик рамзи ҷасорат, садоқат ва мубориза боқӣ мондааст. Нопадидшавӣ ва ҳукми ӯ на танҳо як ҳодисаи сиёсӣ, балки як даъвати равшан ба ҳамраъйӣ ва муттаҳидии мардум мебошад.

Созмони “Ҷавонон барои Тоҷикистон” имрӯз аз тамоми ҳамватанон даъват мекунад, ки муборизаи Сӯҳробро фаромӯш накунанд. Таърих нишон додааст, ки танҳо муттаҳидӣ ва иродаи қавии мардум метавонад роҳи озодиро боз кунад. Озодии шахсиятҳои сиёсии асир на танҳо як масъулияти ахлоқӣ, балки як марҳилаи муҳими мубориза барои истиқлол ва озодии миллӣ мебошад.

Озодӣ ва адолат танҳо бо ирода ва қудрати мардумӣ ба даст меояд. Мо метавонем ва бояд сарнавишти худро тағйир диҳем!

Сӯҳроб Зафар рамзи муборизаи адолатталабона ва умеди ҷомеаи тоҷик аст. Мо ӯро фаромӯш нахоҳем кард!

Бо эҳтиром,
Созмони Ҷавонон барои Тоҷикистон

Хабарҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Ҳуқуқҳои Copyright © 2025 ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.