Бо мақсади беҳтарсозии фаъолияти созмон ва мутобиқ кардани он ба шароити нав, Шӯрои Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки аз санаи 24 январи соли 2025 мустақилияти худро эълон намуда, аз ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ҷудо шавад. Ин тасмим бо назардошти як қатор сабабҳои ҷиддӣ, аз ҷумла беҳтар кардани вазъи дохилии созмон, бартараф намудани нофаҳмиҳо ва омилҳои дигар, ки ба фаъолияти созмон таъсир мерасонанд, гирифта шудааст.

Бо ин роҳ, созмон тасмим гирифтааст, ки барои ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон ва таҳкими самарабахши фаъолиятҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ роҳи мустақили худро пеш гирад. То замони ҳалли буҳронҳои мавҷуда бо “Гурӯҳи-24”, Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон муборизаи худро мустақилона идома хоҳад дод.

Шӯрои созмон миннатдории худро ба Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” барои ҳамкориҳои муштарак дар роҳи озодӣ ва адолат дар тӯли чанд соли охир баён мекунад ва ба “Гурӯҳи 24” дар кори ояндаашон пирӯзӣ ва муваффақият таманно дорад.

Тағйироти Кадрӣ

Бо мақсади мутобиқсозии фаъолияти созмон ба шароити нав ва таъмини самаранокии он, Шӯрои Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон як қатор тағйироти кадрӣ ворид намуд:

Роҳбари Созмон: Убайдулло Саидӣ (Носиров) роҳбари созмон таъйин гардид. Бо таҷрибаи бой ва масъулияти баланд дар соҳаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, вай метавонад роҳбарии созмонро дар давраи нави мустақилият самаранок ба роҳ монад.

Муовини роҳбар: Баракатуллои Раҳматулло, ки таҷрибаи арзишманд дар соҳаҳои сиёсӣ ва бо ҷавонон дорад, ба мақоми муовини роҳбар (ҷонишин) таъйин шуд.

Масъули шӯъбаи иттилоот: Халифа Абдулҳай барои ташкили саҳифаҳои расмии созмон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, паҳн кардани хабарҳо ва эълонҳо масъул таъйин гардид.

Масъули шӯъбаи ҳуқуқ: Илҳом Халилов барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон ва пешниҳоди машваратҳои ҳуқуқӣ таъйин шуд.

Ин тағйироти кадрӣ бо мақсади таҳкими фаъолияти созмон ва беҳтар кардани ҳамоҳангии дохилии он анҷом дода шуданд.

Ҳадафи асосии созмон, ки ҳамеша ҳимояи ҳуқуқи ҷавонон ва таъмини рушди демократиро дарбар мегирад, бо ин тағйирот боз ҳам қавитар хоҳад шуд. Шӯрои созмон мутмаин аст, ки бо омезиши таҷриба ва роҳбарии самарабахши аъзои нав, созмон ба ҳадафҳои муҳими худ ва барномаҳои самарабахш ноил хоҳад шуд.

Бо эҳтиром,

Шӯрои Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон.

2 COMMENTS

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here