Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон бо нигаронӣ ва изҳори таассуф хабари боздошти Исмоил Холов, фаъоли сиёсӣ ва узви созмони мухолифи “Гурӯҳи 24”-ро дар марзи Арманистон дарёфт кард.
Исмоил Холов як фаъоли сиёсӣ ва шаҳрванди тоҷик аст, ки солҳои тӯлонӣ дар хориҷ аз кишвар ба хотири таъқиби сиёсӣ ба сар мебурд. Ӯ ба таври мусолиматомез аз ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ ва сиёсӣ дифоъ мекард. Боздошти ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки Додгоҳи Аврупо ҳуқуқи ӯро эътироф ва ҳимоя кардааст.
Мо итминон дорем, ки Арманистон ҳамчун кишвари узви Конвенсияи Женев ва дигар созишномаҳои байналмилалӣ, ки ҳуқуқи паноҳандагӣ ва ҳимоя аз таъқиби сиёсиро кафолат медиҳанд, аз иқдомоте, ки боиси ихроҷ ё супурдани як фаъоли сиёсӣ ба кишваре мегардад, ки дар он таъқиб ва шиканҷа интизор аст, худдорӣ хоҳад кард.
Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон изҳор медорад:
- Равандҳои марбут ба парвандаи Исмоил Холов бояд дар чорчӯби меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва бо эҳтиром ба принсипҳои адолати судӣ ва ҳуқуқи башар анҷом дода шаванд;
- Бо дарназардошти хавфи ҷиддии таъқиб, шиканҷа ва нақзи ҳуқуқҳои бунёдӣ дар сурати баргардонидани ӯ ба Тоҷикистон, озодии фаврии Исмоил Холов ва фароҳамсозии шароити амн барои иқомат дар кишвари мутамаддин бояд таъмин гардад;
- Мақомоти Ҷумҳурии Арманистонро зарур аст, ки ҳар гуна дархости истирдодро бо таҳлили амиқи ҳуқуқӣ ва арзёбии мустақили хавфҳои эҳтимолӣ баррасӣ намуда, аз ҳар иқдоме, ки метавонад боиси нақзи ҳуқуқҳои инсон гардад, худдорӣ намоянд.
Мо ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҳуқуқи башар ва расонаҳои мустақил муроҷиат мекунем, то аз ҳуқуқи Исмоил Холов ҳимоят кунанд ва барои ҷилавгирӣ аз сарнавишти талхи дигар фаъолони сиёсӣ садо баланд намоянд.
Бо эҳтиром,
Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон