Wednesday, August 13, 2025
Google search engine
HomeАмниятБа ифтихори зодрӯзи Раҳматҷони Маҳмадҷон

Ба ифтихори зодрӯзи Раҳматҷони Маҳмадҷон

Имрӯз на танҳо рӯзи таваллуди як инсон, балки рӯзи таваллуди як рӯҳи бедор, як виҷдони зинда ва як ҷавонмарди озодандеш аст.

Ӯ ҷавоне буд, ки бо садои ҳақ сухан гуфт, бо адолат роҳи худро сохт ва бо ормони озодӣ ба мубориза бархост. Вале мукофоти ин ростқавлӣ ва ҷасорат чӣ буд?

Дуздида шуд ва ба муҳокимаи ноодилона супорида шуд.
Паспорти Федератсияи Русияаш ботил карда шуд
ва ба 20 соли зиндон маҳкум гардид.

Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон ин парвандларо на танҳо як парвандаи сиёсӣ мешуморад, балки як хиёнати рӯирост аз ҷониби давлати Русия нисбат ба шаҳрванди худ мешуморад.
“Ботил кардани шиносномаи як шаҳрванди комилан қонунӣ ва таслими ӯ ба як режими диктотурӣ, поймолсозии ошкорои қонунгузории Русия, қонунҳои байналмилалӣ ва аҳдномаи ҳуқуқи башар аст.”

Чунин рафтори Русия нишон медиҳад, ки шаҳрвандӣ дар он кишвар танҳо як коғази бемаънӣ аст, бахусус вақте ки сухан дар бораи як тоҷик меравад.

Ин қазия боз як бори дигар рӯйи ҳақиқати талхро равшан кард:
арзиш ва эътибори муҳоҷири тоҷик дар чашми давлатдории Русия чӣ гуна паст ва таҳқиромез аст.

Агар инсонро дар ҷавонӣ ба 20 соли зиндон маҳкум кунанд
то 50-солагӣ аз кадом зиндагӣ хабар хоҳад буд?
Аз кадом ишқ, аз кадом зану фарзанд?
Оё ин худ як қатли умед нест?
Магар ин танҳо маҳрумият аз озодӣ аст? Ё ин қатли ҳама умеду ормон аст?

Раҳматҷон, имрӯз ту дар паси деворҳои зиндон ҳастӣ,
вале исми ту аз деворҳо болотар аст.
Рӯҳи ту аз ҳар зиндон озодтар аст.
Ва ҳақиқати ту, бар хилофи зулми онҳо, ҳар рӯз мустаҳкамтар мешавад.

Зодрӯзат муборак, Раҳматҷони Маҳмадҷон.
Мо туро фаромӯш намекунем. Мо туро танҳо намегузорем.
Муборизаи ту муборизаи ҳамаи мост.

Озодӣ дер намемонад.

Бо эҳтиом,

Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон

Хабарҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Ҳуқуқҳои Copyright © 2025 ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.