Wednesday, March 12, 2025
Google search engine
HomeАмниятОяндаи номаълуми сулҳ, нақши абарқудратҳо ва сарнавишти Украин

Ояндаи номаълуми сулҳ, нақши абарқудратҳо ва сарнавишти Украин

Дар барномаи “Қудрат ва Ҳақиқат” Убайдулло Саидӣ, роҳбари “Созмони Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”, оид ба ҷанги Украина ва музокироти ахири байни Русия ва Амрико, ки бидуни иштироки Украин баргузор гардид, сухан гуфт.

Ӯ дар изҳороти худ таъкид кард, ки эҳтимоли сулҳ дар Украин метавонад наздик бошад, аммо ин бештар ба иродаи абарқудратҳо вобаста аст. Ба гуфтаи ӯ, вақте манфиатҳои кишварҳои бузург бо ҳам мувофиқат мекунанд, давлатҳои хурд метавонанд қурбонии рақобати онҳо шаванд.

Ҷанги Украин, ки аз соли 2022 идома дорад, ба як муноқишаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки на танҳо ба Русия ва Украин, балки ба тамоми низоми геополитикии ҷаҳон таъсир мерасонад. Баргузории музокирот байни Амрико ва Русия бе иштироки Украин боиси вокуниши манфии Киев гардид. Президенти Украин, Владимир Зеленский, таъкид кард, ки ҳама гуна гуфтугӯ дар бораи ояндаи Украин бидуни иштироки он беаҳамият хоҳад буд.

Ба назар мерасад, ки ҳарчанд талошҳо барои расидан ба сулҳ идома доранд, Украин мехоҳад нақши фаъол дошта бошад ва иҷоза надиҳад, ки сарнавишти он танҳо бо қарори абарқудратҳо муайян карда шавад. Аз тарафи дигар, муносибатҳои Русия ва Амрико метавонанд омили калидӣ дар ин раванд бошанд.

Убайдулло Саидӣ инчунин изҳор дошт, ки имкони таъсиргузории Киев дар ин музокирот ва поёни ҷанг хеле кам аст, зеро иқтисод ва таҷҳизоти ҷангии Киев вобастаи хориҷиён аст ва бидуни он Киев дар як муддати кӯтоҳ суқут мекунад. Ба гуфтаи ӯ, набуди мустақилияти комил дар масъалаҳои низомӣ ва молиявӣ мавқеи Украинаро дар гуфтугӯҳои сулҳ заиф мегардонад.

Ӯ инчунин ишора кард, ки тоҷикон бояд аз ҷанги Украина ва нишасти Русияву Амрико бидуни ҳузури Украин дарси ибрат гиранд. Агар мо ҷанг кунем ва кишварҳои абарқудрат дар он саҳм дошта бошанд, оқибат ҳамон мешавад, ки мо қурбони зиёд хоҳем дод, ки бидуни натиҷа мемонад. Ӯ ҳамчун мисоли возеҳ ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро ном бурд, ки вақте арзиши Афғонистон бо Русия як шуд, тоҷиконро маҷбур сохтанд, ки бо ҳукумати диктатурии Раҳмон сулҳ кунанд.

Ӯ инчунин ҳарфҳои собиқ президенти Афғонистонро ёдовар шуд, ки дар замони суҳбат бо намояндагони Амрико чунин гуфт: “Амрико гуфт, ҳарчи бо арзиши мо муқобил аст, террористист ва ҳарчи бо арзиши мо яксон аст, ӯ иҷозат ва озодист.”

Яъне, қатлу куштор ва инфиҷору роҳзанӣ иҷозат аст, агар ба манфиати кишварҳои абарқудрат бошад. Ва ин бояд барои муборизоне, ки мехоҳанд Тоҷикистонро озод кунанд, дарси ибрат бошад.

Ояндаи ин низоъ ҳанӯз номаълум боқӣ мемонад, аммо изҳороти коршиносон ва сиёсатмадорон нишон медиҳанд, ки роҳи сулҳ то ҳол пур аз монеаҳо ва гуфтугӯҳои душвор аст. Барои расидан ба натиҷаи мусбат, зарур аст, ки ҳамаи ҷонибҳои даргир, аз ҷумла худи Украин, ба музокироти сулҳ ҷалб карда шаванд.

Бо эҳтиром масъули бахши Иттилот

Абдулҳаи Халифа

Хабарҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Ҳуқуқҳои Copyright © 2025 ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.