Дирӯз, 26 январи соли 2025, Убайдулло Саидӣ, роҳбари Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон, дар барномаи “Қудрат ва Ҳақиқат” ҳузур ёфта, дар бораи тағйироти кадрӣ, эълони истиқлолияти созмон ва ҳадафҳои оянда суханронӣ кард. Ӯ гуфт: “ин марҳилаи нав ба созмон имконият медиҳад, то обрӯи худро барқарор карда, фаъолияташро дар самтҳои муҳим тақвият бахшад”.
Ӯ дар оғоз ба Шӯрои Созмон барои қабули тасмими тағйирот ва эълони истиқлол изҳори сипос намуда, ба роҳбарони нав муваффақият таманно кард. Саидӣ инчунин аҳамияти платформаҳои расмии созмонро таъкид намуда, гуфт, ки онҳо барои иртиботи мустақим бо ҷомеа ва паҳн намудани ҳадафҳои созмон муҳиманд ва кӯмак мерасонанд.
Дар шарҳи мустақил шудани Созмон, ӯ изҳор дошт, ки нофаҳмиҳо бо ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Созмонро водор карданд, ки роҳи мустақилро интихоб намуда, фаъолиятҳои худро тақвият бахшад. Саидӣ қайд кард, ки Созмон мехоҳад барномаҳое, ки дар солҳои охир аз эътибор афтода буданд, эҳё намояд ва нуфузи худро дар ҷомеа барқарор созад. Ҳадафи асосӣ, ба гуфтаи ӯ, на танҳо бозгардондани обрӯи пешин, балки беҳтар намудани самти фаъолияти созмон мебошад.
Саидӣ таъкид намуд, ки сомона ва минбарҳои расмии Созмон барои тамоми фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бозанд. Ҳар касе, ки мавод ё маълумоти муфид барои рушди ҷомеа дорад, метавонад аз ин платформаҳо истифода барад. Вай афзуд, ки Созмон омода аст бо ҳар ҳизб, ҳаракат ва ташкилотҳои ҳуқуқиву сиёсие, ки барои озодии Тоҷикистон мубориза мебаранд, ҳамкорӣ намояд.
Ӯ инчунин эълон кард, ки қарорҳои қаблӣ дар мавриди манъи ҳамкорӣ бо ҳизбҳо, созмонҳо ва кишварҳо расман бекор эълон шудаанд. Созмон, ба гуфтаи ӯ, ба ҳама қишрҳои ҷомеа ва кишварҳои дӯст дасти ҳамкорӣ дароз мекунад, то барои озодии Тоҷикистон муттаҳидона фаъолият намояд.
Саидӣ қайд кард, ки тағйироти кадрӣ дар самтҳои ҳуқуқӣ ва иттилоотӣ ба созмон имкон медиҳад, ки фаъолияти худро самараноктар намояд ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои бузургтар устувор бошад.
Бо эҳтиром,
Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон