Бо камоли эҳтиром интихоб шудани Раиси нави Ҳаракати “Гурӯҳи 24”-ро табрик мегӯем. Мо итминон дорем, ки роҳбарияти нав бо диди тоза ва иродаи қавӣ метавонад ҷойгоҳи ин ҳаракатро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшад ва барои мардуми Тоҷикистон як барномаи рӯшани муборизаи сиёсӣ ва инқилобиро пешниҳод намояд.
Шӯрои Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон бовар дорад, ки танҳо бо ҳамбастагии нерӯҳои миллӣ ва талоши пайваста, метавон барои расидан ба озодӣ, адолат ва эҳёи воқеии Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошт.
Бо орзуи муваффақият,
Шӯрои Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон