Tuesday, March 11, 2025
Google search engine
HomeАхборҲомии Шуҷоъ барои Озодии Тоҷикистон

Ҳомии Шуҷоъ барои Озодии Тоҷикистон

Раҳматҷони Маҳмадҷон яке аз беҳтарин бародароне буд, ки бо иродаи қавӣ ва шуҷоати беназир барои озодии мардуми Тоҷикистон мубориза мебурд. Вақте ӯ дар конфронси САҲА дар Лаҳистон иштирок кард, мо ҳама аз ӯ хоҳиш кардем, ки он ҷо бимонад ва ба Русия барнагардад. Аммо Раҳматҷон интихоби дигар кард: ӯ гуфт, “Агар мо онҷо набошему ба мардум кӯмак накунем, кӣ ба мардум ёрӣ мерасонад?”

Дар давраи шадиди пандемияи коронавирус, Раҳматҷон дасти даҳҳо муҳоҷири ниёзмандро гирифт ва ба онҳо кӯмак кард. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳеҷ гоҳ барои шуҳратталабӣ ин амали хайрхоҳонаашро ошкор намекард. Имрӯз, ин марди шуҷоъ ва нуроние, ки ҳамеша барои дигарон меистод, худ ба як мусибати бузург рӯбарӯ шудааст, ва афсӯс, ки касе дар канораш нест.

Ӯ медонист, ки рӯзе режими золим ба ӯ мерасад, аммо бо шуҷоати бемисл роҳи муборизаро интихоб кард ва дар ин роҳ устувор монд. Раҳматҷон барои озодӣ зиндагӣ мекард ва ҳатто дар замоне ки таҳдидҳо ба ӯ наздик мешуданд, аз ҳадафи худ намегашт.

Раҳматҷони Маҳмадҷон рӯзи 18-уми май, соати 12:00 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия нопадид шуд. Аз он замон то ҳол ҳеҷ маълумоте дар бораи ҷойгиршавӣ ва вазъи ӯ дастрас нест. Чор рӯз пас, саҳифаи Фейсбуки ӯ онлайн шуд, аммо ҷавоб намедод. Ёдовар мешавем, ки дар гузашта низ, пас аз нопадид шудани Мақсуд Иброҳимов, саҳифаи Фейсбуки ӯ фаъол шуда буд ва дертар ВКД Тоҷикистон эълон кард, ки ӯ дар боздоштгоҳи онҳо қарор дорад.

Мо аз ҳамаи нафарони ҳуқуқшинос, созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони бетараф даъват мекунем, ки барои пайдо кардани Раҳматҷони Маҳмадҷон ва озодии ӯ чораҳои фаврӣ андешанд.

Бо эҳтиром,
Убайдулло Саидӣ

Хабарҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Ҳуқуқҳои Copyright © 2025 ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.