Friday, March 14, 2025
Google search engine
HomeАхборПарчамро бо адолат ва рушд бояд боло бурд, на бо баландӣ!

Парчамро бо адолат ва рушд бояд боло бурд, на бо баландӣ!

Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон, бояд аҳамияти аслии ин рамзи давлатӣ бо диди воқеӣ баррасӣ шавад. Парчам, ки нишони ҳувияти миллӣ, истиқлолият ва давлатдорӣ аст, на танҳо ба баландии ҷисмонии барафрохта шудан, балки ба амиқии маънавӣ ва эътибори он дар чашми ҷаҳониён вобаста аст. Аммо оё дар ҳоли ҳозир барафрохтани он дар баландии 165 метр метавонад нишонаи воқеии эҳтиром ба миллат ва давлати Тоҷикистон бошад.


Имрӯз, мафҳуми ифтихор аз парчам дар сухан бо садо баланд гуфта мешавад, вале амалҳо бо ин суханон созгор нестанд. Роҳбарияти кунунӣ, ки ба диктатураи шахсӣ тамаркуз кардааст, парчамро бештар ба як абзори таблиғотӣ табдил додааст. Ба ҷои барафрохтани парчам дар дилҳои мардум тавассути таъмини адолат, ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, таъмини маорифи босифат ва рушди иқтисодӣ, он танҳо ҳамчун рамз ба баландӣ бардошта мешавад, то нокомии воқеии низом пӯшида монад.


Парчам бояд таҷассумгари миллате бошад, ки озодии фикр, ҳуқуқи инсон ва дастовардҳои воқеии илмӣ ва фарҳангӣ онро баланд мекунанд. Аммо дар як низоми диктаторӣ, ки дар он озодиҳои сиёсӣ маҳдуд карда шудаанд, фасод густариш ёфтааст, ва ҷавонон маҷбуранд ба ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар ба кишварҳои дигар муҳоҷират кунанд, оё ин барафрохтани парчам маънии воқеӣ дорад?

Ҷавонон бояд огоҳ бошанд, ки эҳёи воқеии Тоҷикистон танҳо тавассути муттаҳидӣ, мубориза бо фасод, талош барои ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва таъмини баробарии шаҳрвандон имконпазир аст. Парчам замоне воқеан баланд мешавад, ки на танҳо рамзи рӯи коғаз бошад, балки нишони як кишвари озод, пешрафта ва демократӣ гардад.


Ба ҷои истифодаи парчам ҳамчун воситаи намоиши холӣ, роҳбарияти кишвар бояд исбот кунад, ки мардум ва ҳуқуқи онҳо дар авлавият қарор дорад. Танҳо бо чунин роҳ Парчами Тоҷикистон метавонад маънии аслии худро дар пеши мардуми худ ва ҷаҳониён дарёбад.


Бо эҳтиром,
Созмони Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон

Хабарҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Ҳуқуқҳои Copyright © 2025 ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.