Убайдулло Саидӣ, роҳбари Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон, рӯзи 28-уми январ соли ҷори дар барномаи #8 “Қудрат ва Ҳақиқат” бо суханронии худ масъалаҳои муҳими марбут ба вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва энергетикии кишварро ба миён гузошт. Ӯ бо интиқоди роҳбарони давлатӣ ва сиёсати амалкунанда таъкид намуд, ки бе чораҷӯии ҷиддӣ вазъияти мавҷуда метавонад ба буҳрони бузургтар табдил ёбад.
Дар робита ба муфлисшавии бонкҳо, аз ҷумла Тоҷпромбонк, ки аз соли 2017 амалан фаъолияти худро қатъ намуда, пули пасандозгузоронро барнагардондааст, Убайдулло Саидӣ ин ҳолатро нишонаи беэътиноӣ ба ҳуқуқи шаҳрвандон ва бетаваҷҷуҳии роҳбарияти низоми бонкӣ номид. Ӯ таъкид намуд, ки мушкили бонкҳо боиси аз байн рафтани эътимоди мардум ба низоми молиявии кишвар шудааст. Саидӣ қайд кард, ки барои барқарор намудани эътимоди аздастрафтаи мардум, аввалин коре, ки бояд анҷом дода шавад, баргардонидани пасандозҳои мардум аст. Ӯ ислоҳоти куллии роҳбарияти Бонки Миллии Тоҷикистонро зарур дониста, ҳушдор дод, ки бе таъмини суботи низоми бонкӣ, иқтисоди кишвар ба буҳронҳои амиқтаре рӯ ба рӯ хоҳад шуд, ки ин на танҳо ба сармоягузориҳо, балки ба ояндаи молиявии миллат таъсири манфӣ мерасонад.
Дар мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ, Саидӣ аз қонунҳои нави Русия, ки аз 5 феврали соли 2025 ба амал медароянд, изҳори нигаронӣ кард. Ӯ аз муҳоҷирони тоҷик даъват намуд, ки дар кишварҳои мизбон риояи ҳатмии қонунҳоро дар мадди аввал гузоранд, то аз мушкилоти ҳуқуқӣ ва дигар таъқибҳо дур монанд. Аммо ӯ бештар ҳукумати Тоҷикистонро ба нақзи масъулият муттаҳам карда, изҳор дошт, ки вазъи муҳоҷирон бояд тавассути гуфтугӯҳои дипломатии муассир бо Русия беҳтар карда шавад. Саидӣ пешниҳод кард, ки Тоҷикистон метавонад дар муқобили беаҳамиятии Русия нисбат ба муҳоҷирон, фишорҳои дипломатӣ ворид созад. Ӯ ҳатто пешниҳод кард, ки агар русия нисбат ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик сабукиҳое ҷорӣ накунад, ба сарбозони рус, ки дар қаламрави Тоҷикистон қарор доранд, боҷи иловагӣ таъин карда шавад. Ӯ инро ҳамчун фишанги фишор ба ҳукумати Русия арзёбӣ кард ва гуфт, ки дар чунин ҳолат манфиатҳои миллиро бояд ҳукумат ҳифз кунад.
Дар масъалаи энергетика ва лимити барқ, Убайдулло Саидӣ аз вазъи сангине, ки мардум дар фасли сармо бо он рӯ ба рӯ ҳастанд, изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, ки дар ҳоле ки сокинон дар хонаводаҳои худ аз лимити барқ азият мекашанд ва рӯзҳои сармо ва торикиро пушти сар мегузоранд, ҳукумат барқро ба хориҷ содир мекунад. Ӯ бо ишора ба маълумотҳои расмӣ таъкид намуд, ки танҳо дар моҳи декабр содироти барқ 53 дарсади бештар аз моҳи гузашта буд, ки ин тасмим ба манфиатҳои мардум хилоф аст. Саидӣ чунин амали ҳукуматро як навъ беэътиноӣ ва ғамхорӣ ба манфиатҳои хориҷӣ дониста, гуфт, ки дар сиёсати давлат авлавият бояд ба эҳтиёҷоти дохилии шаҳрвандон дода шавад. Ӯ изҳор дошт, ки набудани барқ на танҳо ба зиндагии мардум, балки ба истеҳсолоти дохилӣ низ таъсири манфӣ мерасонад ва аз ҳукумат даъват кард, ки сиёсати энергетикии худро бознигарӣ кунад.
Ба гуфти Саидӣ, роҳбарияти кишвар бояд бо бартарияти манфиатҳои миллӣ, на хориҷӣ, амал кунад ва бо андешидани чораҳои ҷиддӣ ба ҳалли мушкилоти мардум расидагӣ намояд. Суханони ӯ ин паёмро мерасонданд, ки вақт расидааст, ки сиёсати давлат бештар ба хизмат ба мардум нигаронида шавад, на ба манфиатҳои як гурӯҳи хурд.
Ин проблема сахт аст хал шиданаш вакте Эмомали прездентай