Рамазон рафт, кош сафояш нараванд.
Саҳару ҷавшан ва Қуръону дуъояш нараванд.
Кош пуршуда бошад, дилам аз нури саҳар.
Ҳамроҳи рӯзаву ифтор савобаш нараванд.
Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон фарорасии Иди саиди Фитрро ба тамоми ҳамватанон ва мусалмонони ҷаҳон самимона табрик мегӯяд. Умедворем, ки Худованд рӯзадориҳо, дуоҳо ва ибодатҳои ҳамагонро пазируфта, дар ин рӯзи муборак ба ҳама файзу баракат, сулҳу осоиш ва саодати ҷовидона ато фармояд.
Мутаассифона, ин моҳи муборак бо ҳодисаҳои ғамангез дар Ғазза ҳамроҳ шуд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои золимонаи ғосибон даҳҳо нафар, аз ҷумла кӯдакони бегуноҳ, шаҳид гардиданд. Мо ин амалҳои ваҳшиёнаро қотеъона маҳкум намуда, бо мардуми мазлуми Фаластин изҳори ҳамдардӣ ва ҳамбастагӣ менамоем. Дуо мекунем, ки Худованд ба онҳо сабр ва таҳаммул ато фармуда, адолат ва сулҳро барқарор созад.
Дар Тоҷикистон, Иди Фитр бо расму ойинҳои хос таҷлил мешавад, ки ба таҳкими ҳамбастагӣ ва дӯстӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад. Аммо, чанд соли охир вобаста ба ҷашнҳои динӣ, аз ҷумла динӣ-исломӣ, мамониатҳо ва маҳдудиятҳои зиёде ворид шуда аст, ки мардум дар иҷрои баъзе расму ойинҳо бо мушкилот рӯбарӯ мегарданд. Умедворем, ки ин мушкилот бо кӯшишҳои муштарак ҳал мегардад ва мардуми тоҷик, ҳамчун дигар мусалмонон, метавонанд бидуни мамониат ва боздорӣ, Иди Фитр ва дигар ҷашнҳои динӣро бо шодии хоса таҷлил намоянд.
Идатон муборак бод!
Бо эҳтиром,
Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон