Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон рӯзи 17-уми июли соли 2014 дар шаҳри Маскави Русия бо ташаббуси Каромат Шарипов ва бо дастгирии Умаралӣ Қувватов таъсис дода шуд. Ҷаласаи асосгузории аввалин дар идораи Каромат Шарипов, раҳбари созмони ҷамъиятии “Муҳоҷирони меҳнатӣ” дар Русия баргузор гардид. Дар ин ҷаласаи муҳим, Мақсуд Иброҳимов раҳбари созмон интихоб шуд, Убайдулло Носиров муовини якум ва Насимҷон Шарипов муовини дуюм таъйин гардиданд. Бо кӯмаки ҳуқуқшиноси маъруфи рус, Николай Николаевич, дархост барои ба қайд гирифтани расмии созмон ба ҳукумати Русия пешниҳод шуд.
Ҳадафи асосии СҶЭТ ҳимоя ва дастгирии ҳуқуқу манфиатҳои тақрибан ду миллион муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар Русия буд. Созмон кӯшиш мекард, ки сабабҳои афзоиши муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистонро таҳқиқ намояд, ба низоми Эмомалӣ Раҳмонов муқобилат кунад ва барои ташкили як ҷомеаи пешрафта ва озод аз истисмори захираҳои инсонии Тоҷикистон талош варзад.
Дар моҳи октябри соли 2014, роҳбарияти созмон дархости расмии худро ба Вазорати адлияи Русия барои сабти ном пешниҳод кард, вале дархост рад карда шуд. Сабаби эҳтимолии радшавӣ, фишори ҳукумати Тоҷикистон буд, ки аз нуфузи рӯзафзуни созмон нигарон буд.

Баъди боздошт ва истирдоди Мақсуд Иброҳимов ба Тоҷикистон, ки ӯро ба 17 соли зиндон маҳкум карданд, вазъи дохилии созмон бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар ин давраи душвор, созмон ҳамкориро бо “Анҷумани Нерӯҳои Созандаи Тоҷикистон” оғоз кард. Рӯзи 24-уми апрели соли 2015, бо дахолати Шӯрои Анҷуман, Маруф Лангарчиев раҳбари нави СҶЭТ интихоб шуд. Бо вуҷуди ин, чанд соат пас, Убайдулло Носиров, муовини аввали Мақсуд Иброҳимов, ин қарорро рад намуда, онро дахолат ба умури дохилии созмон арзёбӣ кард.
Сарфи назар аз ихтилофҳои дохилӣ, рӯзи 31-уми январи соли 2016, СҶЭТ расман аз “Анҷумани Нерӯҳои Созандаи Тоҷикистон” ҷудо шуда, фаъолияти худро дар доираи ҳаракати сиёсӣ бо номи “Гурӯҳи 24” идома дод. Ин ҳамкорӣ ба созмон имконият дод, ки кӯшишҳои сиёсии худро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ густариш диҳад. Ҳоло, таҳти роҳбарии Убайдулло Саидӣ, “Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон” фаъолияти худро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook, YouTube ва TikTok, ки манбаъҳои асосии пахши маводи созмон мебошанд, идома медиҳад.

Дар соли 2016, намояндагони СҶЭТ дар як конференсия, ки аз ҷониби Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ташкил шуда буд, иштирок карданд. Дар ин форуми байналмилалӣ, онҳо масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва мушкилоти муҳоҷирони тоҷикро таҳти низоми сиёсии кунунии Тоҷикистон баррасӣ карданд. Дар солҳои минбаъда, СҶЭТ дар конфронсҳо ва чорабиниҳои дигари байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, рӯзномаи сиёсии худро густариш дод ва кӯшишҳои худро барои ислоҳот ва адолат тақвият бахшид.
Бо вуҷуди фишорҳои сиёсӣ ва таҳдидҳои дохилӣ, “Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон” амалиётҳои муассир ва мавриди таваҷҷуҳи худро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ идома медиҳад. Барномаҳои иттилоотӣ ва ҳуқуқии онҳо, ки ба ҳуқуқи муҳоҷирон ва қонунҳои муҳоҷират дар кишварҳои мизбон нигаронида шудаанд, то ҳол дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд.
Дар солҳои охир, “Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон” бо татбиқи барномаҳои худ, фаъолияташро на танҳо дар Русия, балки дар кишварҳои дигар низ густариш додааст. Бо шарикӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, гурӯҳ кӯшидааст, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои Тоҷикистон, хусусан дар мавриди ҳуқуқи инсон ва вазъи муҳоҷирон, ҷалб кунад. Созмон инчунин тавассути маъракаҳо ва чорабиниҳои онлайнии худ ҷавонон ва фаъолони сиёсиро барои талошҳои ҳамоҳангшуда дар роҳи ислоҳот ва адолат муттаҳид мекунад.
Илова бар ин, сарфи назар аз шароити душвор, созмон кӯшиш менамояд сатҳи огоҳии сиёсиро баланд бардорад ва фаъолияти ҷавононро дар самти маълумотнокӣ ва саҳмгузорӣ афзоиш диҳад. Ҳадафи ниҳоии он на танҳо баланд бардоштани огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи вазъи Тоҷикистон ва кӯмак ба дур кардани кишвар аз сарнавишти вазнину фаромӯшшуда мебошад, балки ҳамзамон ба огоҳии ҷомеа, рушди худогоҳии миллӣ, ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон ва сохтани як Тоҷикистони пешрафта нигаронида шудааст.
Қайд кардан зарур аст, ки “Созмони ҷавонон” дар ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” муборизаро таҳти як парчам идома медиҳанд, аммо изҳоротҳои расмӣ танҳо тавассути ин платформаҳо нашр мешаванд. Шӯроҳои ин ду созмон алоҳида боқӣ мемонанд ва ба қарорҳои якдигар дахолат намекунанд.
Саҳифаҳои расмии “Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон” чунинанд:
• YouTube: Youth Tajikistan
• TikTok: @youthtajikistan
• Вебсайт: tyrt.org
• Facebook: Youth Tajikistan