Мӯҳтарам аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ,
Мо, намояндагони Созмони Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон, бо изҳори нигаронӣ ва эҳсоси масъулият ба Шумо муроҷиат мекунем. Имрӯз дар Тоҷикистон шоҳиди амалҳо ва сиёсати зиддидиние ҳастем, ки ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии мусулмононро ба таври ҷиддӣ маҳдуд месозад ва ба шаъну шарафи ислом дар кишвари мо зарба мезанад.
Сиёсати феълии ҳукумати Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон пеш бурда мешавад, ҳуқуқҳои динии мардумро поймол мекунад. Аз ҷумла, манъи пӯшидани ҳиҷоб барои занон, манъи рафтани ҷавонони то 18-сола ба масҷид, манъи риш дар маконҳои ҷамъиятӣ, мактабҳо ва донишгоҳҳо, ва даҳҳо қонуни дигари маҳдудкунанда, ки озодиҳои диниро маҳдуд месозанд. Ин иқдомҳо на танҳо ҳуқуқи шаҳрвандонро маҳдуд мекунанд, балки эътиқоди онҳоро зери зарба қарор дода, ба эҳсоси беадолатӣ ва ноумедӣ дар ҷомеа мусоидат менамоянд.
Мо бовар дорем, ки Созмони Ҳамкории Исломӣ, ки барои ҳимоя ва муттаҳид сохтани ҷаҳони ислом таъсис ёфтааст, бояд дар ин масъалаи муҳим чораҳои зарурӣ андешад. Мусалмонони Тоҷикистон, ки як қисми ҷудонашавандаи уммати исломӣ мебошанд, ба пуштибонии Шумо ниёз доранд. Мо аз Шумо хоҳиш мекунем, ки бо чораҳои қатъӣ ба ҳукумати Тоҷикистон фишор оваред, то ин сиёсатҳо ва қонунҳои мухолифи арзишҳои исломӣ ва ҳуқуқи инсонӣ тағйир дода шаванд.
Илова бар ин, мо бори дигар аз Шумо хоҳиш менамоем, ки дар робита ба истирдоди ғайриқонунии Суҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов, ки тавассути мақомоти Тоҷикистон аз Туркия рабуда шуда, ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ оварда шудаанд, тадбирҳои қатъӣ андешед. Онҳо бо ҳукмҳои тӯлонӣ дар зиндон қарор доранд ва ин амал ба ҳуқуқи инсон ва арзишҳои адолат мухолиф мебошад. Мо талаб мекунем, ки Шумо ба ҳукумати Тоҷикистон ва Туркия фишор оваред, то ин афрод ба Туркия баргардонида шуда, ҳуқуқи онҳо эҳтиром шавад.
Мусалмонони Тоҷикистон ва умуман ҷомеаи исломӣ аз Созмони Ҳамкории Исломӣ интизор доранд, ки барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии онҳо, ба ин гуна амалҳои ғайриқонунӣ ва маҳдудкунандаи ҳуқуқҳо посухи равшан ва қатъӣ дода шавад. Агар ин мушкилот ҳалли саривақтӣ наёбанд, эътимоди мусалмонон ба созмонҳои исломӣ ва арзишҳои динӣ заиф хоҳад шуд, ки метавонад ба ояндаи ҷаҳони ислом таъсири манфӣ расонад.
Бо эҳтиром,
Созмони Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон