Tuesday, September 29, 2026
Google search engine
HomeUncategorizedБАЁНИЯИ РАСМӢ Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон (СҶЭТ / МТВТ / TYRT)

БАЁНИЯИ РАСМӢ Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон (СҶЭТ / МТВТ / TYRT)

Созмони «Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон» (СҶЭТ / МТВТ / TYRT) бо такя ба масъулияти ҳуқуқӣ ва мавқеи расмии худ, ба иттилоъи ҷомеа, шарикони байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма мерасонад, ки дар рӯзҳои охир амалҳои ғайриқонунӣ, гумроҳкунанда ва дорои нишонаҳои ғасби ном ва обрӯи ташкилот аз ҷониби шахсони алоҳида, аз ҷумла Мухаммадсобир Сайғозиев ва Хурсанд Наҷмиддинов, ба назар мерасанд.

Аз ҷумла, дар ҳамин ҳафта саҳифаҳо ва платформаҳои иттилоотӣ бо истифода аз номи таҳрифшуда — «Созмони ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон» — таъсис дода шудаанд, ки ба номи расмии ташкилоти мо, яъне «Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон», мувофиқат намекунанд ва ҳеҷ иртиботи ҳуқуқӣ ва ташкилотӣ бо мо надоранд.

Ин амалҳо ҳамчун кӯшиши барқасдонаи ғасби ном, тақаллуб дар муаррифии ташкилот ва гумроҳ намудани ҷомеа арзёбӣ мегарданд.

Созмони «Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон» 17 июли соли 2014 дар шаҳри Москва бо ташаббуси Каромат Шарипов ва бо дастгирии Умаралӣ Кувватов таъсис дода шудааст. Ҷаласаи муассисон дар дафтари Каромат Шарипов баргузор гардида, дар он Максуд Иброҳимов роҳбари ташкилот, Убайдулло Носиров муовини якум ва Насимҷон Шарипов муовини дуюм интихоб гардиданд. Бо мусоидати ҳуқуқии адвокат Николай Николаевич дар ҳамон давра барои бақайдгирии расмии ташкилот ба мақомоти Федератсияи Русия дархост пешниҳод гардида буд.

Таъкид мегардад, ки Мухаммадсобир Сайғозиев ва Хурсанд Наҷмиддинов дар ҳеҷ яке аз ҷаласаҳои муассисон иштирок надоштанд ва ба таъсиси ташкилот ҳеҷ гуна иртибот надоранд. Ин ҳолат бо далелҳои муътамад, аз ҷумла аксҳо ва сабтҳои видеоии ҷаласаҳои таъсисдиҳӣ, пурра тасдиқ мегардад.

Пас аз боздошт ва истирдоди Максуд Иброҳимов ба Тоҷикистон, ки ба 17 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардид, вазъи дохилии ташкилот мураккаб шуд. Соли 2015, бо дахолати сохторҳои беруна, аз ҷумла «Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон», Маруф Лангарчиев ба таври ғайриқонунӣ ҳамчун роҳбар ва Мухаммадсобир Сайғозиев ҳамчун муовин эълон карда шуданд. Ин қарор аз ҷониби роҳбарияти воқеии ташкилот, аз ҷумла муовини якум Убайдулло Саидӣ (Носиров), рад карда шуда, ҳамчун дахолати ғайриқонунӣ арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон, дар соли 2016, Мухаммадсобир Сайғозиев ба таври худсарона худро ҳамчун «роҳбар» ва Маруф Лангарчиевро ҳамчун муовини худ муаррифӣ намуд. Ин амал аз ҷониби аъзои воқеии ташкилот эътироф нашуд, ҳеҷ гуна асоси ҳуқуқӣ надошт ва ҳамчун кӯшиши ғасби сохтори ташкилот арзёбӣ гардид.

Мавҷуд будани номаҳои расмӣ аз ҷониби адвокат Николай Николаевич, намояндаи ҳуқуқии Максуд Иброҳимов, ки мақоми Убайдулло Носировро ҳамчун муовини ташкилот тасдиқ мекунанд, инчунин изҳороти расмӣ дар шабакаи Facebook аз соли 2016, ки дар он дахолат ва «интихоби» ғайриқонунии Сайғозиев рад карда шудааст, далелҳои равшани беасос будани даъвоҳои онҳо мебошанд.

Сайғозиев ва Наҷмиддинов ҳеҷ гоҳ барои идора ё ҳамоҳангсозии сомонаҳои иттилоотии ташкилот, ки аз солҳои 2015–2017 фаъол буданд, муроҷиат накардаанд ва дар солҳои 2015–2023 ҳеҷ гуна фаъолияти воқеӣ аз номи ташкилот надоштаанд. Агар онҳо воқеан роҳбар мебуданд, мебоист дорои вебсайти расмӣ, саҳифаҳои фаъол дар Facebook ва YouTube ё ҳадди ақал муроҷиат барои идоракунии сомонаҳои иттилоотии ташкилот мебуданд.

Илова бар ин, маълум аст, ки Мухаммадсобир Сайғозиев дар интихоботи расмии «Гурӯҳи 24» иштирок намуда, номзадии худро пешниҳод кардааст. Ин далели мустақим аст, ки фаъолияти сиёсии ӯ ба ҳамин ҳаракат вобаста мебошад. Аз ин рӯ, иддаои ӯ ҳамчун роҳбари СҶЭТ комилан беасос ва мантиқан ғайриимкон мебошад, зеро як шахс наметавонад ҳамзамон худро роҳбари як созмони мустақил эълон намояд ва дар айни замон барои роҳбарии як ҳаракати дигар номзад бошад.


Ҳамчунин бояд таъкид кард, ки аз соли 2017 то имрӯз онҳо дар ҳамаи чорабиниҳои байналмилалӣ, аз ҷумла платформаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, танҳо аз номи «Гурӯҳи 24» иштирок намуда, ҳеҷ гоҳ номи СҶЭТ-ро истифода накардаанд. Иштироки онҳо дар конфронсҳои солҳои 2024–2025 низ маҳз бо ҳамин унвон сурат гирифтааст, ки ин далели равшани надоштани ҳеҷ гуна ваколат аз номи ташкилоти мо мебошад.

Дар айни замон, ташкилоти мо фаъолияти худро идома дода, дар солҳои 2024–2025 дар чорабиниҳои байналмилалӣ масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷикро пайваста матраҳ намудааст.

Мо инчунин изҳор медорем, ки ҳар гуна кӯшиши ба расмият даровардани ташкилот бо номи СҶЭТ дар Ҷумҳурии Австрия аз ҷониби шахсони сеюм, аз ҷумла Сайғозиев ва Наҷмиддинов, ғайриқонунӣ, беасос ва қобили қабул нест, зеро ташкилот аз соли 2014 фаъолият дорад ва ҳуқуқи истифодаи номи онро танҳо сохтори воқеии он доро мебошад.

Сомонаҳои иттилоотии ташкилот дар солҳои гуногун таъсис ёфта, пайваста фаъолият доранд, аз ҷумла гурӯҳи Facebook «РОО Возрождение Таджикистан» ва саҳифаи Facebook — Youth Tajikistan (аз соли 2015), канали YouTube — Youth Tajikistan (аз соли 2017), TikTok (@youthtajikistan) ва вебсайти расмӣ tyrt.org (аз соли 2024). Ҳамаи ин сомонаҳо аз ҷониби сохтори воқеии ташкилот таъсис ва идора карда шудаанд.

Созмони «Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон» бо масъулияти комил изҳор медорад, ки Мухаммадсобир Сайғозиев ва Хурсанд Наҷмиддинов ҳеҷ гоҳ роҳбарони қонунии ташкилот набуданд ва нестанд, истифодаи номи ташкилот аз ҷониби онҳо ва ҳаммаслаконашон ғайриқонунӣ ва гумроҳкунанда мебошад ва ҳамаи даъвоҳои онҳо пурра рад карда мешаванд.

Созмон ҳуқуқи худро барои ҳифзи номи расмӣ, обрӯ ва фаъолияти худ, пешниҳоди далелҳо ба платформаҳо ва мақомоти дахлдор, инчунин андешидани чораҳои ҳуқуқӣ пурра маҳфуз медорад.

Мо аз ҷомеа, фаъолон ва шарикони байналмилалӣ даъват менамоем, ки танҳо ба маълумоти расмӣ ва манбаъҳои воқеии ташкилот такя намоянд ва ба иттилооти бардурӯғ бовар накунанд.

Бо эҳтиром,
Шӯрои Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон

Хабарҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Ҳуқуқҳои Copyright © 2025 ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.