Saturday, March 15, 2025
Google search engine
HomeАмниятИзҳороти Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон дар бораи ҳукми ноодилонаи Рухшона Ҳакимова

Изҳороти Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон дар бораи ҳукми ноодилонаи Рухшона Ҳакимова

Рӯзи 5-уми феврал Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзноманигор ва модари ду тифли хурдсол Рухшона Ҳакимоваро бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ба ҳашт соли зиндон маҳкум кард. Ин ҳукми сангин, ки бе далелҳои шаффоф ва дар паси дарҳои баста содир шудааст, боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи дохилӣ ва байналмилалӣ гардид.

Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон ҳукми Рухшона Ҳакимоваро шадидан маҳкум мекунад. Мо онро амали ноодилона ва як иқдоми сиёсӣ медонем, ки озодии баёнро зери хатар гузоштааст. Маҳрум кардани як модари ҷавон аз ду кӯдаки хурдсолаш, ки яке аз онҳо ҳанӯз ширхора аст, амали ғайриинсонӣ ва хилофи арзишҳои ҳуқуқи инсон мебошад.

Мо аз мардуми Тоҷикистон даъват мекунем, ки барои дифоъ аз ҳуқуқи Рухшона Ҳакимова ба майдонҳо бароянд ва бо садои якдилона аз адолат ҳимоят кунанд. Хомӯшӣ дар чунин лаҳзаҳо маънои қабул ва дастгирии беадолатиро дорад.

Ҳамзамон, мо аз давлатҳои абарқудрат ва созмонҳои байналмилалии ҳомии демократия ва ҳуқуқи инсон талаб мекунем, ки алайҳи ҳукумати Тоҷикистон таҳримҳои шадид ҷорӣ кунанд. Фишори байналмилалӣ ягона роҳест, ки метавонад ин режими саркӯбгарро водор созад, то аз таъқиби рӯзноманигорон ва хомӯш кардани овози ҳақ даст кашад.

Раёсати Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон
5 феврали 2025

Хабарҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Ҳуқуқҳои Copyright © 2025 ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.