Friday, March 14, 2025
Google search engine
HomeАхборВуруди занони сатрпӯш ба идораҳои давлатӣ ва хусусӣ қонунан манъ мешавад

Вуруди занони сатрпӯш ба идораҳои давлатӣ ва хусусӣ қонунан манъ мешавад

Дар Тоҷикистон нақша доранд, ки бо қабули як қонуни алоҳида, вуруди занҳои сатрпӯшро ба вазорату идораҳои давлатӣ ва ҳатто ба муассисаҳои хусусӣ қонунан манъ кунанд. Барои татбиқи ин иқдом, дар назди Маркази миллии қонунгузорӣ як гуруҳи махсуси корӣ таъсис ёфтааст.

Ин ибтикор нахустин кӯшиши ба таври расмӣ маҳдуд кардани пӯшидани рӯсариву ҳиҷоб дар кишвар ба ҳисоб меравад. Тарафдорони ин иқдом онро ҳамчун талош барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирӣ аз таъсири фарҳангҳои бегона тавҷеҳ медиҳанд. Аммо аз сӯи дигар, ҳомиёни ҳуқуқи инсон ин маҳдудиятро нақзи ошкори ҳуқуқи занон ба озодии интихоби либос ва озодии эътиқод мешуморанд.

Ин масъала дар ҷомеа баҳсҳои зиёдро ба миён овардааст. Бархе бар онанд, ки чунин қонунгузорӣ метавонад ба афзоиши танишҳои иҷтимоӣ ва маҳдуд кардани ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандон сабаб гардад. Ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳукумат даъват мекунанд, ки дар қабули чунин қонунҳо ба эҳтироми озодиҳои инсонӣ ва динӣ авлавият диҳад.

Ҳоло ин тарҳ дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад ва баҳсу гуфтугӯҳо дар атрофи он идома доранд.

Хабарҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Ҳуқуқҳои Copyright © 2025 ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.