Friday, June 27, 2025
Google search engine
HomeАмниятВаҳдати таҳмилӣ ва нақзи ҳуқуқи мухолифон

Ваҳдати таҳмилӣ ва нақзи ҳуқуқи мухолифон

Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки аз соли 1992 то 1997 идома дошт, яке аз пурқурбонитарин ва пурзӯртарин ҷараёнҳои таърихӣ мебошад, ки миллати тоҷикро ба даҳшат ва нобудӣ овард. Ин ҷанг на танҳо бар сари манофеи миллӣ ва сиёсӣ буд, балки бозии қудратҳои хориҷӣ хоссатан Узбакистон ва Русия барои таъсиррасонӣ дар минтақа ва қудратгирӣ бар Тоҷикистон низ буд. Эмомалӣ Раҳмонов, ки аслан узви Фронти халқӣ буд, бо дастгирии низомии Узбакистон ба қудрат расид ва дар ин роҳ ба куштор ва саркӯби таҳқиромези мухолифони тоҷик даст зад.

Нерӯҳои Фронти халқӣ, бо фармондеҳии шахсоне мисли Сангак Сафар, ки аз ҷониби Узбакистон ва Русия бо таҷҳизот, маблағ ва неруҳои низомӣ дастгирӣ мешуд, ба Тоҷикистон ворид шуданд ва ҷанги хунинро бар зидди мухолифон ва ҳатто мардуми осоишта оғоз карданд. Сангак Сафар, ки аз зиндон баромада буд, бо истифода аз ин дастгирӣ ба як фармондеҳи калидӣ табдил ёфт ва дар ин ҷанг нақши ҳалкунанда дошт.

Дар як мусоҳибаи телевизионӣ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбакистон дар даврони Ислом Каримов иброз дошт, ки дар байни неруҳои мухолифи Тоҷикистон ягон неруи солим вуҷуд надошт, ҷуз фармондеҳони Фронти халқӣ Сангак Сафаров ва Файзали. Ӯ таъкид намуд, ки тамоми неруҳои дигари мухолифро бо лақабҳои таҳқиромези “исломгаро” ва “вовчик” мешинохтанд.

Ин изҳорот шаҳодат медиҳад, ки мухолифон бо баҳонаҳои сохта ва лақабҳои таҳқиромез мавриди пастзанӣ ва саркӯб қарор гирифта, бо мақсади асоснок кардани хушунатҳо ва таъқибҳои систематикӣ ба дасти неруҳои низомии хориҷӣ супурда мешуданд.

Бо дастгирии неруҳои низомии Узбакистон, фармондеҳони Фронти халқӣ амалиёти хунин анҷом доданд, деҳаҳо ва шаҳрҳоро ғасб карданд ва мардумро маҷбур ба гурезагӣ ва бехонаву дарвоза намуданд. Ҳазорон тоҷик, ки танҳо орзуи зиндагии осоишта доштанд, қурбонии ин ҷанги таҳмилӣ шуданд. Ин ҷанг на танҳо барои ҳифзи қудрат, балки барои қонеъ кардани манфиатҳои қудратҳои хориҷӣ ва шахсони қудратхоҳ буд.

Эмомалӣ Раҳмонов ва фармондеҳони наздик ба ӯ бо баҳонаҳои бардурӯғ ба мухолифон ва ҳатто мардуми оддӣ ҳамла карданд ва онҳоро бо лақабҳои “исломгаро” ва “вовчик” таҳқир намуданд, ки ин калимаҳо танҳо воситаи саркӯб ва маҳвсозӣ буд. Ин амалҳо ба Тоҷикистон ҳазорҳо қурбонӣ, бесарпаноҳӣ ва харобӣ овард.

Ваҳдати миллӣ, ки имрӯз ҷашн гирифта мешавад, дар асл сулҳи таҳмилӣ ва бо фишори қудратҳои хориҷӣ мебошад, ки бо истифодаи хушунат ва саркӯбҳои хунин ба мардуми тоҷик таҳмил шуд. Ин ваҳдат на натиҷаи орзуҳои мардум, балки натиҷаи бозии қудратҳои хориҷӣ ва неруҳои ҳукуматӣ аст, ки бо дасти ҳамин неруҳо миллати тоҷикро аз зери по пош доданд ва ба гурезагӣ фиристоданд.

Бо вуҷуди он ки расман соли 1997 Созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва мухолифон имзо шуд, воқеиятҳо нишон доданд, ки ҳукумати Тоҷикистон бо сарвари Эмомалӣ Раҳмонов ба ин созишнома ва аҳдофи он ҳеҷ гоҳ комилан вафо накард. Ба ҷои эътирофи ҳаққи мухолифон ва ҷалби онҳо ба ҳаёти сиёсии кишвар, ба онҳо таъқиб ва маҳрумият аз ҳуқуқҳои асосӣ таҳмил кард.

Мухолифон, ки дар асл қаҳрамонони муқовимат барои озодии фикр ва ҳифзи ҳуқуқи мардуми тоҷик буданд, ба таври систематикӣ аз ватан маҳрум шуданд. Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов фаъолияти онҳоро дар қаламрави Тоҷикистон манъ кард, онҳо аз ҳаққи иштирок дар идора ва ҳаёти сиёсӣ маҳрум монданд ва бештари онҳоро маҷбур намуд, ки фирор кунанд. Ин амалҳо нишон доданд, ки сулҳ танҳо як созишномаи номӣ буд ва дар амал ҳукумат ҳокими ягона ва бебаҳс монд.

Бар асоси шартҳои созишномаи сулҳ, бояд тақрибан 30 фоизи мансабҳои давлатӣ ва имкониятҳои сиёсӣ ба намояндагони мухолифон дода мешуд, то ки онҳо дар идораи кишвар саҳм дошта бошанд ва раванди ваҳдат воқеан бунёд шавад. Вале ин амалӣ нашуд. Ба ҷои ҳамкорӣ, ҳукумат таҳқир ва маҳдудиятҳоро ба мухолифон идома дод, ки боиси бӯҳрони давомдор дар ҷомеа ва ҷудоии назарӣ дар байни халқ гардид.

Ин муносибати дуруст нест ва ҳоло ҳам миллат бояд бо дарки ин воқеиятҳои талх ва таърихӣ барои таъсиси ҷомеаи демократӣ ва озод кӯшиш кунад, ки дар он тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ ҳаққи зиндагӣ ва фаъолияти озод дошта бошанд. Танҳо бо шинохти ҳақиқат ва эътирофи ҳуқуқҳои мухолифон метавон роҳи ҳақиқии сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистонро боз кард.

Хабарҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Ҳуқуқҳои Copyright © 2025 ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.