Имрӯз, дар барномаи пахши мустақим, Убайдулло Саидӣ роҳбари Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон дар бораи танишҳои шадиди миёни Исроил ва Эрон сухан гуфт. Дар ин барнома, ки ба таҳлили вазъ ва оқибатҳои ҷанг дар Ховари Миёна бахшида шуда буд, Саидӣ ҳамлаи Исроил ба Эронро шадидан маҳкум намуд.
Ӯ таъкид кард, ки ин ҳамла бар зидди ҳуқуқи байналмилалӣ аст ва метавонад ба нооромии бештар дар минтақа ва ҷаҳон оварда расонад. Саидӣ гуфт, ки чунин амалиётҳои низомӣ бояд ҳарчи зудтар қатъ шаванд, зеро онҳо ба ҷон ва ҳаёти мардум таъсири манфӣ доранд ва вазъро мураккаб месозанд.
Роҳбари Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон инчунин изҳори ҳамдардӣ ба хонаводаҳои қурбониёни ҷанг кард ва аз онҳо барои сабру таҳаммулашон сипос гуфт. Ӯ таъкид намуд, ки ҳар як ҷонбозиҳои бегуноҳ бояд бо эҳтиром ёд шаванд ва ҷаҳониён вазифадоранд барои хотири сулҳ кӯшиш кунанд.
Саидӣ аз давлатҳои абарқудрат ва Созмони Милали Муттаҳид даъват кард, ки Исроилро барои қатъи ҷанг ва барқарории сулҳ таҳрик кунанд. Ӯ таъкид намуд, ки Исроил бояд барои ҷиноятҳои байнимиллалӣ ва таҷовузҳои худ ба додгоҳҳои байналмилалӣ ҷавобгар шавад.
Барномаи суханронии Убайдулло Саидӣ бо пахши мустақим баргузор шуд. Дар ин барнома, мавзӯи танишҳои шадиди минтақавӣ ва зарурати ҳамкории ҷаҳонӣ барои пешгирии густариши ҷанг дар Ховари Миёна муҳокима гардид.
Барои тамошои пурраи суҳбат ва гирифтани маълумоти бештар, метавонед ба истиноди зерин муроҷиат кунед: