Monday, September 8, 2025
Google search engine
HomeАмниятТабрикоти Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

9-уми сентябри соли 1991 яке аз рӯзҳои сарнавиштсоз дар таърихи тоҷикон буд. Дар ин рӯз, Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва расман роҳи давлатдории мустақилро пеш гирифт. Истиқлол натиҷаи муборизаҳои тӯлонӣ ва орзуҳои деринаи миллат аст.

Аммо бо гузашти вақт, истиқлол ҳамчун дастоварди умумимиллӣ ба моликияти шахсӣ табдил дода шуд. Эмомалӣ Раҳмон, ки худро “падари миллат” муаррифӣ мекунад, истиқлолро зери по карда, онро ба воситаи ҳифзи ҳокимияти худ ва вобастагиҳои сиёсиву иқтисодӣ табдил дод. Истиқлол танҳо вақте ҳақиқӣ аст, ки мардум озод бошанд, қонун ҳукмрон бошад ва сиёсат аз манфиатҳои мардум ҳимоят кунад.

Истиқлол на кори як шахс, балки натиҷаи талоши садҳо фарзандони миллат аст. Дар солҳои 80–90, садҳо зиёӣ, шоир, сиёсатмадор ва ҷавон бо ҷасорат баромад карданд, ҳарчанд бо фишор, таъқиб ва ҳатто қурбонии ҷони худ рӯ ба рӯ шуданд.

Лоиқ Шералӣ бо шеърҳои худ миллатро ба худшиносӣ, бедорӣ ва озодӣ даъват намуд. Каломи ӯ дар дилҳои мардум оташи ифтихор ва озодихоҳиро меафрӯхт.

Қариддин Аслонов, раиси Шӯрои Олӣ, дар рӯзи таърихии 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эълон кард. Номи ӯ ҳамчун яке аз меъморони асосии истиқлол дар саҳифаҳои таърих сабт шуд. Ӯ дар роҳи ҳимояи истиқлол ва давлатдории навбунёд ҷони худро аз даст дод, аммо хотирааш абадан бо ин рӯз пайванд хоҳад дошт.

Нуриддин Саидов ва Абдумалик Абдуллоҷонов аз сиёсатмадороне буданд, ки истиқлолро ҳамчун пойдевори давлатдории демократӣ мебинанд ва бо талошҳои худ мехостанд кишвар ба сӯи ҷомеаи воқеан озод ва муосир қадам занад.

Зиёиёни миллӣ, нависандагон, олимон, рӯзноманигорон ва фаъолон дар солҳои охири Шӯравӣ бо андеша ва асарҳои худ орзуи озодӣ ва худшиносиро зинда нигоҳ доштанд. Онҳо бо вуҷуди сензура ва фишор, бо ҷонфидоӣ овози миллатро баён карданд.

Фаъолони ҳаракатҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ низ нақши бузург доштанд. Нерӯҳои мухолиф ва демократҳо бо ташкили созмонҳо ва муборизаҳои сиёсӣ саҳм гузоштанд. Дар даврони ҳокимияти Шӯравӣ, русҳо бо барномаи ҷиддӣ кӯшиш мекарданд забон ва фарҳангро русӣ созанд. Дар ҳамин замон, олимони дин бо омӯзиши адабиёти форсӣ ва тарбияи мардум ҳамчун сипари фарҳангӣ фаъолият мекарданд. Ҳизби Наҳзати Исломӣ низ яке аз аввалин ҳаракатҳои сиёсӣ буд, ки истиқлолро дар баробари арзишҳои миллӣ ва динӣ талаб мекард. Бисёре аз роҳбарони он дар замони Шӯравӣ таъқиб ва зиндонӣ шуданд, аммо муборизаашон аз хотири мардум фаромӯш нашуд. Ҷавонон ва рӯшанфикрон низ бо роҳҳои гуногун — аз ташкили ҳаракатҳои фарҳангӣ то иштирок дар муборизаҳои сиёсӣ — ҷоннисорӣ карда, истиқлол ва озодиро ҳимоят намуданд.

Истиқлол аз они ҳамаи мост. Он ҳеҷ гоҳ ба номи як шахс маҳдуд намешавад. Аз шоир то сиёсатмадор, аз зиёӣ то деҳқон — ҳама дар ин роҳ саҳм гузоштанд.

Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон бо ифтихор Рӯзи Истиқлолияти давлатиро ба тамоми мардуми сарбаланди тоҷик табрик мегӯяд.

Мо хотираи ҳамаи шахсиятҳое, ки дар роҳи истиқлол мубориза бурданд ва барои озодӣ ҷон фидо карданд, гиромӣ медорем. Ин рӯз бояд барои ҳар як ҷавон рамзи бедорӣ, худшиносӣ ва масъулият барои ояндаи кишвар бошад.

Истиқлол муборак, Тоҷикистон!

Хабарҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Ҳуқуқҳои Copyright © 2025 ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.