Tuesday, December 2, 2025
Google search engine
HomeАмниятСӯҳроб Зафар Овози Бедории Миллӣ ва Рамзи Матонати Мубориза

Сӯҳроб Зафар Овози Бедории Миллӣ ва Рамзи Матонати Мубориза

Сӯҳроб Зафар яке аз чеҳраҳои муборизи сиёсист, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияташ бо ҷасорат, ростгӯӣ ва иродаи қавӣ миёни ҷомеаи тоҷик шинохта шуд. Дар гирдиҳамоиҳои сиёсии Маскав, дар рӯзҳое ки садои озодихоҳии муҳоҷирон баланд мешуд, ӯ дар сафи пеш қарор дошт ва тавонист ҷавононро барои ҳимояти ҳақиқат муттаҳид созад. Ҷасорату кӯшишҳои ӯ дар байни муҳоҷирон руҳияи нави мубориза ба вуҷуд овард ва номи ӯро ба рамзи адолатталабӣ табдил дод.

Пас аз шаҳодати Умаралӣ Қувватов ҳаракати “Гурӯҳи 24” ба марҳилаи кунҷкобу парокандагӣ дучор шуд. Бо вуҷуди талошҳои роҳбарони баъдӣ, эҳсоси нотавонӣ дар сафи аъзоён пеш меомад. Аммо Сӯҳроб Зафар дубора ба майдон ворид шуда, бо нерӯи тоза ҳаракатро аз ҳолати фурӯпошӣ берун овард. Ӯ сохтори нав ташкил дод, нерӯҳои ҷавонро дубора муттаҳид кард ва ҳаракатро ба сатҳи фаъол ва таъсиргузор дар арсаи сиёсӣ баргардонд.

Соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон бо роҳи ғайриқонунӣ ва бо истифода аз фишорҳои сиёсӣ Сӯҳроб Зафарро аз Туркия рабуда, ба Душанбе интиқол дод. Мурофиаи додгоҳӣ бо маҳдудият, бе иштирок ва дифои воқеии ҳуқуқӣ баргузор шуда, ӯ бе далелҳои асосӣ ба 30 соли зиндон маҳкум гашт. Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ин ҳукмро комилан сиёсӣ ва дорои ангезаҳои саркӯбгарона эътироф мекунанд.

Бо вуҷуди фишору таҳдид, Сӯҳроб дар додгоҳ бо ҷасорати том сухан гуфт ва мавқеи худро равшан баён кард:

«Ман аз касе пора нагирифтам, ҳаққи касеро нахӯрдаам, касеро накуштаам, кори хилофи қонуни башарӣ накардаам, ки пушаймон бошам.»

Ин суханони ӯ, ки дар шароити шадиди зиндонӣ гуфта шуданд, рамзи устуворӣ, ҷавонмардӣ ва садоқат ба ормонҳои миллӣ мебошад.

Имрӯз зодрӯзи ӯ дар миёни деворҳои зиндон мегузарад. Аммо ин сана танҳо ҳамчун рӯзи таваллуд нест — ин рамзи истодагарӣ, қуввати ирода ва муборизаи инсонест, ки барои ояндаи беҳтари миллати худ ҷонфидоӣ кардааст. Замоне ки Сӯҳроб пушти панҷара аст, масъулияти мо дар берун сангинтар мешавад: бояд садои ӯро зинда нигоҳ дорем, барои шароити инсонии ӯ талош кунем ва муборизаеро, ки ӯ ба роҳ мондааст, идома диҳем.

Мо ҳамаи шаҳрвандони ватандӯстро ба ҳамбастагӣ даъват мекунем. Ҳифзи чунин фарзандони ҷасур танҳо як амали эҳсосӣ нест, ин вазифаи миллӣ ва ахлоқии мост. Таърих собит кардааст, ки миллатҳое, ки қаҳрамонони худро ҳимоят мекунанд, дар ниҳоят пирӯз мешаванд. Агар мо имрӯз нафароне монанди Сӯҳроб Зафарро дастгирӣ накунем, пас худ сабаби идомаи зулм дар кишвар мешавем.

Зодрӯзат муборак, марди ҳақталабу ватандӯст. Номи ту зинда мемонад ва муборизаат идома дорад.

Бо эҳтиром,

Созмони Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон

Хабарҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Ҳуқуқҳои Copyright © 2025 ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.