Saturday, May 31, 2025
Google search engine
HomeАмниятРӯзи таваллуди як мубориз дар зиндон

Рӯзи таваллуди як мубориз дар зиндон

Имрӯз, зодрӯзи марде аст, ки суханаш бедоркунанда буд, қаламаш бурро ва дилаш пур аз муҳаббат ба ватан ва мардум. Ин рӯзи таваллуди шахсияте аст, ки бо андешаи пок, маърифати амиқ ва садоқати самимӣ ба ҳақиқат, ба раҳбари маънавии садҳо ҷавони тоҷик табдил ёфт. 

Абдураҳим шахсияти одӣ набуд. Ӯ дар шаҳри Маскав, ҳар ҳафта назди масҷиди Проспект Мира ҷамъ омада бо ҷавонон дар бораи адолат, озодӣ, бедории миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон суҳбат мекард. Гапаш аз дили халқ мебаромад рост, пок ва бедоркунанда. Ӯ дар муддати кӯтоҳ ба маркази диққати ҷавонон табдил ёфт ва дили онҳо бо ростӣ, ҷасорат ва муҳаббат ба ватан фатҳ кард. 

Маҳз ҳамин таъсиргузории рӯзафзун ва маъруфияти рӯзаёни ӯ буд, ки ҳукумати худкомаи Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳарос овард. Онҳо медонистанд, ки таъсири қалами як мутафаккири ҷавон метавонад наслеро бедор кунад. Ӯро ба рӯйхати сиёҳ ворид карданд ва таъқиб оғоз ёфт. 

Ҳамзамон, Абдураҳим аввалин ҷавоне буд, ки пас аз боздошти Зайд Саид яке аз чеҳраҳои маъруфи оппозитсион озодона эътироз кард ва бо ҷасорат изҳор намуд: “Ман омодаам ба ҷои Зайд Саид зиндонӣ шавам!” Ин изҳорот на танҳо нишон дод, ки ӯ то чӣ андоза ҷонибдори ҳақиқат аст, балки далериву садоқати ӯ ба арзишҳои инсонӣ ва озодиро низ тасдиқ кард. 

Соли 2014 Абдураҳим дар Маскав дастгир шуд. Пас аз як соли зиндон ва фишори беасос, ӯ озод гашт ва мақоми расмии паноҳандаи сиёсиро дар Русия ба даст овард. Аммо ин ҳам ҳифзи ӯ накард: баъди муддате боз дастгир ва ба таври комилан ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон истирдод карда шуд дар ҳоле ки ҳуҷҷатҳои байналмилалии муҳофизати ӯ эътибор доштанд. 

Дар Тоҷикистон, ӯро бо иттиҳомоти сохта ва таҳияи мақомоти амниятӣ ба 23 соли зиндон маҳкум карданд. Ва дар соли 2025, бо баҳонаҳои нав, боз 7 соли дигар ба ин ҳукми золимона илова шуд. Ӯ 9 сол боз дар паси панҷараҳост, вале забони ҳақ ва қалами бедори ӯ ҳанӯз хомӯш нашудаанд. 

Дар зиндон борҳо талош карданд, ки ӯро шикананд. Ба ӯ пешниҳод карданд, ки агар дар муқобили мухолифон, ҳамсафони худ  сухан гӯяд, озод хоҳад шуд. Аммо Абдураҳим бо як далерии бемисл посух дод: 

“Ман ҳаргиз дар муқобили ҳарфи ҳақ намебароям. Зиллатро намепазирам, ҳатто агар қимати озодии зоҳирии ман бошад.” 

Муборизаи Абдураҳим бо ҳама сахтиҳо идома дорад. Ӯ рамзи ростқавлӣ, далерӣ ва садоқат ба ҳақиқат аст. Мо, дар берун аз зиндон, бояд аз ӯ ёд гирем: чӣ гуна бояд бо ростӣ зиндагӣ кард, чӣ гуна аз ҳақиқат дифоъ намуд ва чӣ гуна барои адолат қурбонӣ дод. 

Абдураҳими гиромӣ! 

Дар ин рӯзи зодрӯз, мо танҳо туро табрик намекунем  мо савганд мекунем, ки муборизаи ту, орзуи ту ва роҳи ту роҳи мост. Тоҷикистон ба фарзандоне чун ту ниёз дорад ба дилсӯзон, ростгӯён ва бунёдкорони воқеии насли оянда. 

Рӯзе мерасад, ки деворҳо мешикананд. Ҳақиқат боз мешавад. Миллат фарзанди асили худро ба оғӯш мегирад. 

Зодрӯзат муборак, бародари нурофар! 

Бо эҳтиром

Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон

Хабарҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Ҳуқуқҳои Copyright © 2025 ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.