Wednesday, March 12, 2025
Google search engine
HomeАмниятҚАТЛИ ВАҲШИЁНА, ФИШОРИ МАҚОМОТ ВА САРНАВИШТИ НОРАВШАНИ ХОНАВОДАИ ҲАСАНОВҲО

ҚАТЛИ ВАҲШИЁНА, ФИШОРИ МАҚОМОТ ВА САРНАВИШТИ НОРАВШАНИ ХОНАВОДАИ ҲАСАНОВҲО

Мо, Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон, бо изҳори нигаронии шадид ва хашми беандоза, амалкардҳои охири мақомоти қудратии Тоҷикистонро сахт маҳкум мекунем. Фишори беандоза ба хонаводаҳои қурбониёни ҳодисаи хунини зиндони рақами 3/2-и шаҳри Ваҳдат ва хомӯшии мақомот як бор дигар нишон медиҳад, ки ҳақиқат дар Тоҷикистон дар зери пардаи пинҳонкорӣ боқӣ мемонад.

Чигуна мешавад ба ҳарфҳои мақомот бовар кард, вақте ҷасадҳои кушташудагон бо назорати шадид ва бе иҷозати хонаводаҳо ба хок супурда мешаванд? Чаро ба ҷойи расонидани ҳақиқат, наздикони қурбониён боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор мегиранд?

Сафармад Ҳасанов, пирамарди 85-сола, падари ду кушташудаи зиндони Ваҳдат Сомон ва Суҳроб Ҳасановҳо, субҳи 3-уми феврал аз ҷониби кормандони милисаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳамроҳ бо 20 нафар аз аъзои хонаводааш, аз ҷумла кӯдакон (ки хурдтарини онҳо ҳамагӣ 2,5 моҳа ва бузургтаринашон 16-сола будааст), боздошт шуд ва ба шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) бурда шуд.

Шароити боздошт ва он чи дар тӯли як шабонарӯз ба ин пирамард, занон ва кӯдакони хонавода гузашт, номаълум боқӣ мемонад. Дар ниҳоят, субҳи 7-уми феврал, онҳо озод карда шуданд, аммо ҳанӯз ҳам мақомот аз шарҳи сабабҳои боздошт худдорӣ мекунанд.

Як фарзанди дигари Сафармад Ҳасанов бо номи Рустам, ки бо ҳукми 5-сола дар ҳамон зиндони Ваҳдат нигоҳдорӣ мешуд, бе ному нишон шудааст. Хонаводаи ӯ аз вазъи Рустам то ҳол хабаре надоранд ва сару садоҳо вуҷуд дорад, ки ӯ низ эҳтимолан дар ҳодисаи охири зиндони Ваҳдат кушта шудааст. Ба гуфтаи хешовандон, шояд ҷасади ӯ дар як қабр бо бародараш Суҳроб ба хок супурда шуда бошад.

Раҳматулло Ҳасанов, фаъоли сиёсӣ ки дар хориҷа зиндагӣ мекунад, изҳор дошт, ки бародаронаш танҳо барои интиқоди режими Раҳмон зиндонӣ ва сипас ба таври ваҳшиёна кушта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, иттиҳоми иртибот доштани кушташудагон бо гурӯҳҳои террористӣ як баҳонаи сохтаи мақомот аст, то ҷиноятҳои худи онҳо пинҳон монад.

Магар Тоҷикистон ба як Кореяи Шимолӣ табдил ёфтааст? Ё шараф ва виҷдони инсонӣ дар ин кишвар комилан аз байн рафтааст? Боздошти кӯдакони хурдсол ва нигоҳдории онҳо дар шароити номаълум, бахусус вақте яке аз онҳо маълул аст, нишонаи возеҳи поймолсозии ҳуқуқи кӯдакон ва беэътиноӣ ба арзишҳои асосии инсонӣ мебошад.

Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои ҳуқуқи инсон ва корпусҳои дипломатӣ даъват мекунад, ки ба ин ҳодисаи фоҷеабор ва поймолсозии ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳ кунанд ва талош варзанд, то режими Раҳмон барои ҷиноятҳои худ ҷавобгар бошад.

Ин фоҷиа як ҷинояти ошкоро зидди инсоният аст ва масъулони он наметавонанд аз ҷавобгарӣ фирор кунанд. Ҳақиқат пинҳон намемонад ва мо дар канори хонаводаҳои қурбониён хоҳем истод, то ин ҷиноятҳо ба ҷаҳониён ошкор гардад.

Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон
07.02.2025

Хабарҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Ҳуқуқҳои Copyright © 2025 ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.