Wednesday, December 17, 2025
Google search engine
HomeАмниятҚатли кӯдак натиҷаи бевоситаи нажодпарастӣ ва муҳоҷирситезӣ дар Русия

Қатли кӯдак натиҷаи бевоситаи нажодпарастӣ ва муҳоҷирситезӣ дар Русия

Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон куштори ваҳшиёна ва фоҷиабори Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷикро, ки дар дохили муассисаи таълимӣ дар вилояти Маскави Федератсияи Русия бо ангезаи ошкори нажодпарастӣ ба ҳалокат расид, бо қотеъият маҳкум мекунад. Ин ҳодиса як ҷинояти оддӣ нест, балки нишонаи шикасти ахлоқӣ ва сиёсии муҳите мебошад, ки дар он нафрати миллӣ, муҳоҷирситезӣ ва ифротгароии миллатгароёна солҳо боз беҷазо рушд мекунад.

Қатли кӯдак дар мактаб нишон медиҳад, ки фазои умумии таҳаммул ба нажодпарастӣ то кадом ҳад хатарнок шудааст. Вақте гурӯҳҳо ва шабакаҳое, ки зери ниқоби “ҳувияти миллӣ” ба нафрат ва хушунат таблиғ мекунанд, озодона фаъолият доранд, чунин фоҷиаҳо ногузир мешаванд. Ин гуна ҷиноятҳо натиҷаи мустақими беамалии ниҳодҳоеанд, ки бояд амнияти ҷомеа, махсусан кӯдаконро таъмин намоянд.

Созмони Ҷавонон ҳамзамон аз вокуниши заиф ва нокифояи мақомоти Тоҷикистон низ интиқод мекунад. Ибрози ҳамдардӣ ва муроҷиатҳои дипломатӣ барои қатли як кӯдак басанда нест. Давлат уҳдадор аст, ки ҳимояи воқеии шаҳрвандони худро талаб намояд, қазияро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳад ва нагузорад, ки ҳаёти шаҳрвандони тоҷик дар муҳоҷират беарзиш шумурда шавад. Хомӯшӣ ё мулоимат дар баробари чунин ҷиноятҳо маънои чашмпӯшӣ аз адолатро дорад.

Дар айни замон, интиқоди мо ба сиёсати давлатӣ ва гурӯҳҳои ифротгаро равона шудааст, на ба тамоми мардуми Русия. Мо аз ҷомеаи шаҳрвандии солим, равшанфикр ва адолатхоҳи Русия даъват мекунем, ки алайҳи нажодпарастӣ ва хушунат мавқеи ошкоро гиранд. Бетафовутӣ дар баробари куштори кӯдакон хатарро барои ҳамаи ҷомеа зиёд мекунад.

Қобилҷон Алиев танҳо як ном нест, ӯ рамзи беадолатиест, ки метавонад қурбониҳои нав ба бор орад. Агар нажодпарастӣ беҷазо монад, фоҷиа такрор хоҳад шуд. Тафтишоти шаффоф, ҷазои одилона ва решакан кардани идеологияи нафрат ягона роҳи пешгирӣ аз чунин ҷиноятҳост. Ҳаёти кӯдакон масъалаи сиёсат нест, балки масъалаи инсоният аст.

Бо эҳтиром,
Созмони Ҷавонони барои Эҳёи Тоҷикистон
Лондон, Британияи Кабир

Хабарҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Ҳуқуқҳои Copyright © 2025 ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.