Имрӯз мо зодрӯзи мардееро ёд мекунем, ки номаш дар саҳифаҳои нави таърихи миллати мо бо ҳарфҳои бузург сабт шудааст. Умаралӣ Қувватов танҳо як фаъол набуд. Ӯ андешаи бедории миллӣ, овози бедоркунандаву ростгӯ ва рамзи истиқлоли фикрии насли ҷавони тоҷик буд. Бо таъсиси “Гурӯҳи 24” ва саҳми арзандааш дар ташкили Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон, Умаралӣ Қувватов ба ҳазорон ҷавон ирода, шуҷоат ва маънии истиқоматро омӯзонд ва роҳи нави андешаву масъулиятро пеши онҳо боз кард.
Ӯ ба ҳар ҷавон паёме дошт: «Ба ояндаи худ бовар кунед, ба ҳақиқат хиёнат накунед, аз разолат наҳаросед.» Ин суханҳо то имрӯз мисли шамъ дар дили ҷавонон мефурӯзад ва онҳоро ба ростӣ, адолат ва шуҷоат даъват мекунанд.
Зиндагии ӯ роҳи муборизаи ошкор барои арзишҳои инсонӣ буд, барои озодӣ, адолат ва шаъну шараф. Ҳар қадами ӯ бо ҷасорат, устуворӣ ва масъулият ҳамроҳ буд. Марги фоҷиабораш дар сарзамини бегона, дур аз Ватан, дардест, ки то имрӯз дар хотири ҳазорон ҳамватан боқӣ мондааст. Ӯ аз миёни мо рафт, аммо овозаш хомӯш нашуд. Баръакс, ба садое табдил ёфт, ки то имрӯз қалбҳоро бедор мекунад ва роҳҳои навро ба рӯйи ҷавонон мекушояд.
Имрӯз, дар рӯзи зодрӯзи ӯ, мо на танҳо инсонро ёд мекунем, балки як рӯҳ, як мактаб, як роҳ ва як андешаи худро эҳё менамоем. Мероси Умаралӣ Қувватов мероси ҷасорат, мероси озодандешӣ ва мероси ҷавонмардиест, ки ҳеҷ гоҳ аз хотири миллат нест намешавад. Номи ӯ имрӯз низ барои бисёриҳо рамзи даст набардоштан аз ҳақ ва устувор будан дар роҳи интихобшуда мебошад.
Рӯҳаш шод, номи некаш ҷовид, роҳаш нурбахши роҳи ҷавонон.
Бо эҳтиром
Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон


