Рӯзи Артиши Миллии Тоҷикистон 23-юми феврали ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ин сана аз замони Шӯравӣ боқӣ мондааст ва аслан ба таъсиси Артиши Сурх дар соли 1918 рабт дорад. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолият, Тоҷикистон соли 1993 бо фармони президент артиши худро таъсис дод ва ҳамин рӯзро ҳамчун Рӯзи Артиши Миллӣ нигоҳ дошт.
Аммо суоли муҳим ин аст, ки чаро мардуми тоҷик, ки таърихи бисёр қадими, давлатдорӣ ва тамаддуни бою ғанӣ доштанд, рӯзи артиши худро ба як санаи марбут ба русҳо ва замони Шӯравӣ вобаста карданд. Тоҷикон ҳамчун ворисони тамаддуни Аҷам ва сулолаҳои бузург мисли Сомониён, ки яке аз низомҳои беҳтарини даврро доштанд, метавонистанд рӯзи дигареро ҳамчун рамзи артиши худ интихоб кунанд. Ин дар ҳолест, ки дар он давра русҳо на давлатдории қавӣ доштанд ва на фарҳангу тамаддуни пешрафта, дар муқоиса бо тоҷикон ва дигар халқҳои ориёинажод.
Идома додани таҷлили 23-юми феврал метавонад нишонаи таъсири амиқи мероси Шӯравӣ ва идомаи вобастагии сиёсии Тоҷикистон ба Русия бошад. Бархе кишварҳои дигари пасошӯравӣ, мисли Қазоқистон ва Ӯзбекистон, рӯзи таъсиси артиши худро ба як рӯзи таърихии хоси худ вобаста карданд. Ин нишон медиҳад, ки онҳо талош доранд аз сояи Шӯравӣ дур шаванд ва рамзҳои миллии худро эҳё кунанд.
Дар Тоҷикистон бошад, нигоҳ доштани 23-юми феврал ҳамчун Рӯзи Артиши Миллӣ то ҳадде нишон медиҳад, ки истиқлолияти комил дар ҳама ҷанбаҳо ба даст наомадааст. Ба назар мерасад, ки ин ид давоми як суннат ва шояд як намуди эҳтироми рамзӣ ба ҳамкории низомӣ бо Русия низ ҳаст. Тоҷикистон ҳанӯз ҳам аз Русия вобастагии амниятӣ ва сиёсӣ дорад, ки ин вобастагӣ метавонад яке аз сабабҳои боқӣ мондани ин сана бошад.
Пас маълум мегардад, ки ин қадар куштори мардуми бегуноҳ ва ҳамла кардани артиш ба минтақаҳои гуногуни кишвар ба дастури Эмомалӣ Раҳмон нишонаи он аст, ки арбоби ӯ ниёз ба аз байн бурдани ҳама гуна талошҳои мардум барои истиқлоли комилро дорад. Чунки истиқлоли воқеӣ маънои даст кашидан аз ҳимояи манфиатҳои геополитикии хориҷиён ва идораи мустақили кишварро дорад, ки ин бар зарари ҳокимияти феълӣ мебошад.

Дар гузашта артиши Тоҷикистон борҳо ба амалиёти низомӣ алайҳи шаҳрвандони худ сафарбар карда шудааст. Аз ҷумла, дар солҳои 90-ум дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ артиши давлатӣ дар баробари гурӯҳҳои мухолиф дар дохили кишвар амал мекард. Дар солҳои баъдӣ низ шоҳиди он будем, ки нерӯҳои мусаллаҳ ба минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ҳамла бурдаанд. Аз ҷумла, ҳодисаҳои хунини водии Рашт (солҳои 2010-2011), ҳамла ба Хоруғ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (солҳои 2012 ва 2021-2022), инчунин саркӯби мусаллаҳонаи тазоҳуротҳои мардумӣ нишон медиҳанд, ки артиш на барои ҳифзи истиқлолияти миллӣ, балки барои ҳифзи ҳокимияти шахсии Раҳмон ва саркӯби ҳар гуна мухолифини сиёсӣ истифода мешавад.
Бо вуҷуди ин, ҷомеаи тоҷик метавонад дар оянда бознигарии ин масъаларо матраҳ кунад ва барои артиши худ як рӯзи хоси миллӣ ва таърихӣ интихоб намояд, ки бо таърихи давлатдории бостонии тоҷикон ҳамбастагӣ дошта бошад. Ин метавонад як қадами муҳими рамзӣ ва сиёсӣ дар роҳи таҳкими истиқлолияти комил бошад.
Бо эҳтимоми
Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон.