Муроҷиат ба Ҳукумат ва Раиси Нави Бонки Миллӣ!

0
33

Бо эҳсоси вазнинии як масъулияти шаҳрвандӣ, мо, Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон, ин муроҷиатро ҳамчун як даъвати ошкоро ба ҳукумат, мансабдорон ва ҳар нафаре, ки ҳанӯз виҷдони инсонӣ дорад, пешниҳод мекунем. Ин муроҷиат махсусан ба раиси нави Бонки Миллии Тоҷикистон, Толибзода Фирдавс, равона шудааст, ки дар пеши роҳи санҷиши масъулият ва адолат қарор гирифтааст.

Мо шоҳиди як воқеияти талх ҳастем: як шаҳрванди маъюб, Самадов Мирзоҳоҷа Назирхоҷаевич, ки дар асоси эътимод ба дастурҳои ҳукумат маблағи пасандози худро дар бонки ватанӣ, “Тоҷпромбонк,” ҷойгир карда буд, 8 сол аст, ки наметавонад маблағи худро бозпас гирад. Ин мушкилият, ки бо муфлис эълон шудани бонк дар соли 2017 оғоз шудааст, то ҳол роҳи ҳалли худро пайдо накардааст.

Дар тӯли ин солҳо, роҳбарони ниҳодҳои гуногун, аз ҷумла Бонки Миллӣ, ҳамагӣ бо ваъдаҳои бардурӯғ, вақтхариҳо ва беамалии худ нишон доданд, ки ҳукумат ва мансабдорон то куҷо аз адолат ва хизмат ба мардум дур шудаанд. Худи ҷабрдида мегӯяд, ки раиси нави Бонки Миллӣ низ дар рӯзи қабули шаҳрвандон ӯро қабул накардааст. Агар ин дуруст бошад, пас ин на танҳо беэътиноӣ ба як шаҳрванд, балки хилофи фармони президент ва беэҳтиромӣ ба ҳама шаҳрвандони кишвар аст.

Муроҷиат ба раиси нави Бонки Миллӣ: Толибзода Фирдавс!

Ҳамчун як шахс, ки ба тозагӣ ба ин мақоми муҳими давлатӣ таъин шудааст, шумо имконият доред, ки нишон диҳед масъулият ва садоқат ба мардум барои шумо болотар аз манфиатҳои шахсӣ ва ниҳодӣ аст. Аммо агар шумо низ ба мисли пешгузаштагони худ ин масъаларо нодида гиред ва танҳо ваъдаҳои холӣ диҳед, пас шумо низ дар ҳамон қаторе меафтед, ки мардум онҳоро бо беадолатӣ ва худкомагӣ мешиносанд.

Ҳалли масъалаи амонатгузорони Тоҷпромбонк танҳо як масъалаи молиявӣ нест, балки нишондиҳандаи рӯҳияи қонунсолорӣ, инсоният ва адолат дар кишвар аст. Агар шумо дар ин кор беэътино бошед, пас оянда ин беадолатӣ ва ноумедӣ нисбат ба тамоми низоми давлатӣ афзоиш меёбад.

Мо аз ҳукумати кишвар талаб мекунем:

1. Ин қазияро бо роҳи фаврӣ ва одилона ҳал кунад, то ҳуқуқи ҷабрдидагон барқарор шавад.

2. Таъмини посухгарии он мансабдороне, ки дар ҳалли ин масъала солҳои зиёд кӯтоҳӣ ва беэътиноӣ карданд.

3. Ҷорӣ кардани низоми шаффоф дар муносибат бо пасандозгузорон ва ҳалли масъаларо дар доираи муҳлатҳои возеҳ.

Мо ҳамчун як созмони ҷавон, аз адолат талаб мекунем ва умедворем, ки ҳар як шахс ва роҳбар, ки виҷдони бедор дорад, нисбат ба ин қазия бетараф нахоҳад монд.

Бо эҳтиром,

Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон

23.01.2025.

See insights and ads

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here