Sunday, August 31, 2025
Google search engine
HomeАхборМаориф бояд мустақил ва миллӣ бошад

Маориф бояд мустақил ва миллӣ бошад

Мӯҳтарам устодон, донишҷӯён, хонандагон ва тамоми аҳли маорифи кишвар!

Бо эҳтироми зиёд шуморо ба муносибати Рӯзи дониш самимона табрик мегӯем. Ин рӯз рамзи оғози сафари пурмасъулият дар роҳи маърифат ва худшиносӣ аст. Дониш чароғи равшани зиндагӣ ва заминаи асосии пешрафти миллат мебошад.

Бо вуҷуди дастовардҳои муайян, бояд бо рӯиростӣ иқрор намоем, ки соҳаи маорифи мо то ҳол ҷавобгӯи талаботи замони муосир нест. Мактабҳо ва донишгоҳҳо ба таҷҳизоти замонавӣ ниёз доранд, муҳити илмӣ суст аст ва шароити таҳқиқотӣ маҳдуд мебошад. Ҳукумати кишвар вазифадор аст, ки на бо шиор, балки бо амал дастгирии воқеии маорифро таъмин намояд.

Бо нигаронӣ мебинем, ки вақти гаронбаҳои хонандагон ва донишҷӯён аксар вақт барои чорабиниҳои намоишию идона истифода мешавад, то бо намоишҳо шахсияти роҳбаронро хушҳол кунанд. Ин гуна амалҳо на танҳо ба раванди таҳсил халал мерасонанд, балки арзиши ҳақиқии илму донишро паст мезананд. Мактаб ва донишгоҳ бояд ҷойи омӯзиш ва парвариши фикр бошад, на саҳнаи намоиши сиёсӣ.

Вазъи омӯзгорон низ ташвишовар аст. Маоши паст ва шароити носозгори зиндагӣ боиси он мегардад, ки мақоми омӯзгор, ки бояд эҳтиромтарин шахс дар ҷомеа бошад, ноқадр монда, ҳатто дар баъзе ҳолатҳо ноэҳтиромӣ нисбат ба онҳо афзояд. Бе омӯзгори хушбин ва сарбаланд наметавон ҷомеаи босавод ва кишваре пешрафта сохт.

Аз ҳама муҳим, соҳаи маорифи мо то ҳол мустақил нест. Дар ҳоле ки бисёр кишварҳо мактабҳои хусусӣ ва низоми идоракунии миллӣ доранд, муассисаҳои таълимии мо аксаран зери нуфузи барномаҳои хориҷӣ, бахусус Русия, қарор доранд. То замоне ки низоми маорифи мо воқеан миллӣ ва мустақил нашавад, пешрафти ҳақиқӣ дар ин соҳа имконнопазир хоҳад буд.

Ҳамзамон, яке аз орзуҳои деринаи миллат, бозгашт ба хатти порсӣ, то имрӯз амалӣ нагаштааст. Хат оинаи таърих ва худшиносии мост, вале дар ин масъала иқдоми ҷиддӣ сурат намегирад. То замоне ки мо решаҳои фарҳангии худро эҳё накунем, эҳёи миллӣ ва пешрафти ҳақиқӣ сурат нахоҳад гирифт.

Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон, итминон дорад, ки эҳёи миллат танҳо бо таваҷҷуҳ ба дониш, бо эҳёи арзишҳои воқеии миллӣ ва бо таъмин намудани шароити баробар барои ҳар як ҷавон имконпазир аст.

Бори дигар тамоми хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгоронро ба муносибати Рӯзи дониш самимона табрик мегӯем ва орзумандем, ки ин рӯз оғози як таҳаввули воқеӣ дар роҳи илму маърифат гардад.

Бо эҳтиром,
Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон

Хабарҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Ҳуқуқҳои Copyright © 2025 ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.