Saturday, May 31, 2025
Google search engine
HomeАмниятҶазои дастаҷамъона бо номи қонун?

Ҷазои дастаҷамъона бо номи қонун?

Кӯчондани иҷбории зиёда аз 30 нафар, аз ҷумла 20 кӯдаки ноболиғ, аз манзиле, ки беш аз даҳ сол ягона сарпаноҳашон будааст, бе пешниҳоди ҳатто як роҳи алтернативӣ, як амали комилан золимона ва шармандавори давлат аст. Ин на танҳо нақзи ҳуқуқи башар, балки намунаи возеҳи ҷазои сиёсӣ ва дастаҷамъона нисбат ба хонаводаи як шахси дер боз фавтида мебошад.

Тасмими мақомоти иҷроияи Тоҷикистон барои ба кӯча партофтани хонаводаи Мирзокарим Назаров, бародари Абдуҳалим Назарзода, бо вуҷуди далелҳои ҳуқуқии мавҷуд, нишон медиҳад, ки дар ин кишвар муносибати шахс бо давлат метавонад ҳама гуна ҳуқуқи ӯро зери по кунад. Агар бародари ту ба «гуноҳ» муттаҳам шуд, ту ва фарзандонат низ бояд бехона бошед чунин аст мантиқе, ки ҳоло ба қонун табдил ёфтааст.

Дар ҳоле ки ҳуҷҷатҳои расмӣ собит мекунанд, ки манзили мавриди баҳс соли 2014 аз ҷониби Мирзокарим Назаров ба ҳамсар ва фарзандаш ҳадя шудааст яъне пеш аз рӯйдодҳои сентябри 2015. Беэътиноии мақомоти давлатӣ ба ин далелҳо маънои танҳо як чизро дорад: таъқиби сиёсӣ.

Мақомот намехоҳанд қонунро иҷро кунанд, балки онҳо мехоҳанд таъзир кунанд. Мехоҳанд ба мардум паём диҳанд: ҳар касе ки бо мо набошад, на фақат худ, балки тамоми авлоди ӯ зери зарба хоҳад монд.

Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон ин амалиёти бедодгаронаро ба шиддат маҳкум мекунад.
Ҳукумате, ки барои эҳтиром ба кӯдакон, модарон ва сарпаноҳ надоштани мардум беэътиност, наметавонад худро “ҳомиёни субот” ном гирад. Суботеро, ки бар шикастани зиндагии одамони бегуноҳ сохта шавад, наметавон пойдор номид ва он тарс аст, на сулҳ.

Маҳрум кардани ин хонавода аз манзил на ба хотири адолат, балки барои ҳадафҳои сиёсӣ ва тарсандозӣ анҷом мешавад. Ва ҷомеае, ки ба ин гуна зулм хомӯшӣ ихтиёр мекунад, оҳиста-оҳиста инсон будани худро аз даст медиҳад.

Бо эҳтиром,
Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон

Хабарҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Ҳуқуқҳои Copyright © 2025 ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.