25 ноябри соли 2021 Гулбиддин Зиёбеков, як ҷавони шуҷоъ, варзишгар ва фаъоли иҷтимоӣ, дар асари зӯроварии ваҳшиёнаи мақомот ба шаҳодат расид. Ба муносибати солгарди ин фоҷиаи талх, Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон ба хонаводаи марҳум ва тамоми мардуми Бадахшон изҳори ҳамдардӣ намуда, ҳамзамон, чанд нуқтаи муҳимро ба миллати тоҷик, созмонҳои ҳуқуқи башар ва кишварҳои абарқудрат ироа медорад:
Гулбиддин Зиёбеков танҳо ба хотири ҳимоят аз номус ва ҳуқуқи як ҷавондухтари бадахшӣ, ки мавриди озори ҷинсии як корманди милиса қарор гирифта буд, кушта шуд. Ӯ бо ҷасорати худ амалиёти ғайриқонунии корманди қудратиро мавриди савол қарор дод, ки ин хашми мақомотро барангехт. Дар натиҷа, ӯро ба таври ваҳшиёна шиканҷа карданд ва ба шаҳодат расонданд. Ин амали ӯ як намунаи олии истодагарӣ барои ҳақиқат ва адолат аст.
Гулбиддин Зиёбеков на танҳо ҳомии ҳуқуқи инсон буд, балки шахсияти воқеан ватандӯст. Ӯ омодагии худро барои ҳифзи марзҳои кишвар дар давраи низоъҳои марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон нишон дод. Дар наворҳои ҳифзшуда, равшан аст, ки ӯ бо иродаи қавӣ ва самимият барои дифоъ аз марзу буми Тоҷикистон омодагӣ медид.
Қатли ваҳшиёнаи Гулбиддин боиси хашми оммавӣ гардид ва мардумро водор кард, ки ба муддати чаҳор рӯз дар кӯчаҳои Хоруғ тазоҳуроти осоишта баргузор намоянд. Эътирозгарон бо талаби ҷавобгарии қотилон аз ҳукумат шарҳ мехостанд. Аммо дар муқобил, ҳукумати Раҳмон бо шеваи худкомаи худ на танҳо талаботи адолатхоҳонаи мардумро нодида гирифт, балки ба онҳо ҳамлаҳои мусаллаҳона анҷом дод. Дар натиҷа, даҳҳо нафар кушта шуда, беш аз 150 фаъоли иҷтимоӣ боздошт ва ба зиндон кашида шуданд.
Амалиёти мақомот дар қатли Гулбиддин Зиёбеков ва саркӯби эътирозгарон амали ғайриқонунӣ, ғайриинсонӣ ва хилофи тамоми арзишҳои ҳуқуқи байналмилалист. Ин воқеа рамзи зулми низоми худкома ва бесалоҳиятии мақомоти Тоҷикистон дар ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон гардид.
Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон аз ҷомеаи байналмилалӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва кишварҳои абарқудрат даъват мекунад, ки ин фоҷиаи инсонӣ ва сиёсиро мавриди таҳқиқ қарор диҳанд ва ҳукумати Тоҷикистонро барои ин амалҳои ғайриқонунӣ ба ҷавобгарӣ кашанд. Таъмини адолат на танҳо ҳаққи марҳум Гулбиддин Зиёбеков, балки тамоми миллати тоҷик аст, ки имрӯз таҳти фишори низоми золим қарор доранд.
Ёди Гулбиддин Зиёбеков ҳамеша бо мо хоҳад монд, ва мубориза барои адолат идома хоҳад ёфт.
Бо эҳтиром,
Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон