Рӯзи 10-уми октябри соли 2024, дар Боздоштгоҳи рақами 1-и шаҳри Душанбе, мурофиаи пӯшидаи Сӯҳроб Зафар, раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24,” ва Насимҷон Шарифов, узви ин ҳаракат, баргузор гардид. Бо ҳукми додгоҳ, Сӯҳроб Зафар ба 30 соли зиндон маҳкум карда шуд, ки 10 соли онро бояд дар низоми пурзӯр адо кунад. Ҳамзамон, Насимҷон Шарифов ба 20 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардид.
Мурофиаи мазкур дар шароити тамоман пӯшида ва таҳти фишори равонӣ ва сиёсӣ сурат гирифт. Дар ин раванд, ҳуқуқҳои асосии онҳо, аз ҷумла ҳуқуқ ба муҳокимаи одилона ва шаффоф, сарфи назар гардиданд. Ҳамчунин, ба пайвандони онҳо иҷозати ҳузур дар мурофиа дода нашуд, ки ин қонунвайронкунӣ ошкоро бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мухолиф аст.
Ба иттилои манобеи наздик ба ин қазия, мурофиаи мазкур натиҷаи бевоситаи фишорҳои сиёсӣ ва ҳадафи саркӯби озодфикрон дар Тоҷикистон мебошад. Убайдулло Саид, як фаъоли ҳуқуқи инсон, изҳор дошт, ки ин мурофиа як намунаи равшани поймолсозии ҳуқуқи инсон ва набудани адолат дар низоми додгоҳии Тоҷикистон аст. Ӯ қайд кард, ки масъалаи аввалиндараҷа ин аст, ки чигуна ва дар кадом шароит ин ду нафар ғайриқонунӣ аз қаламрави Туркия ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Ба гуфтаи ӯ, ин дуздӣ ва истирдоди маҷбурӣ комилан хилофи принсипҳои адолати ҷаҳонӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов дар моҳҳои февралу марти соли 2024 дар Туркия нопадид шуданд. Пас аз ду моҳи номуайянӣ, маълум гардид, ки онҳо дар Тоҷикистон дар боздошт қарор доранд. Мақомоти Тоҷикистон айбномаи расмии худро дар аввал эълон накарданд. Бо вуҷуди ин, пештар изҳоротҳо дар расонаҳои давлатӣ ишора мекарданд, ки ҳар ду бо иттиҳоми “даъват барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ тавассути Интернет” муттаҳам шудаанд.
Додгоҳи Тоҷикистон, ки таҳти назорати шадиди сиёсӣ қарор дорад, бо беэътиноӣ ба принсипҳои адолатӣ, онҳоро ба муддатҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Аз ин рӯ, ҳукмҳои додгоҳӣ бештар хусусияти сиёсӣ дошта, ҳадафи он хомӯш кардани мухолифони сиёсӣ мебошад.

Сӯҳроб Зафар дар суханони ниҳоии худ ҳангоми мурофиа изҳор дошт, ки аз роҳе, ки интихоб кардааст, пушаймон нест. Ӯ бо қатъият қайд намуд, ки ҳеҷ кори ғайриқонуниву зиддибашарӣ накардааст ва созмони ӯ ба терроризм ё ифротгароӣ рабт надорад. Ӯ афзуд, ки “ҳеҷ гоҳ ба миллату халқи худ хиёнат накардаам.”
Манбаъҳои наздик ба ин қазия изҳор доштанд, ки, сарфи назар аз вазъи вазнини ҳуқуқӣ ва шароити сахти мурофиа, рӯҳияи Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов қавӣ боқӣ мондааст. Дар ҳолати ҳукми ноодилона, онҳо ният доранд дар давоми як ҳафта барои бозбинии ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят кунанд.
Ҳукми Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов як бори дигар нишон медиҳад, ки низоми додгоҳии Тоҷикистон то чӣ андоза таҳти таъсири фишорҳои сиёсӣ қарор дорад ва ҳуқуқҳои асосии инсон, аз ҷумла озодии баён ва ҳуқуқ ба муҳокимаи одилона, ба таври густурда поймол мешаванд.
Мо, намояндагони ҷомеаи ҷаҳонӣ ва фаъолони ҳуқуқи инсон, ин амалкарди ноодилонаро қотеона маҳкум мекунем ва талаб менамоем, ки:
- Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов фавран аз боздошт озод шаванд.
- Ҳуқуқ ба муҳокимаи одилона, ки дар санадҳои байналмилалӣ кафолат дода шудааст, барои онҳо таъмин гардад.
- Истирдоди ғайриқонунии шаҳрвандон аз кишварҳои дигар қатъ карда шавад ва ин амалҳои ғайриқонунӣ мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор гиранд.
Ин ҳолат на танҳо як қазияи шахсӣ, балки нишонаи равшани вазъи бади ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст. Ҷомеаи байналмилалӣ бояд ба ин қазия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, барои барқарории адолат тадбирҳои амалӣ андешад.
Бо эҳтиром,
Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон