Имрӯз, рӯзе ки мебоист як падари меҳрубон, як устоди фидокор ва як сиёсатмадори донишманд Шокирҷон Ҳакимов дар ҳалқаи фарзандону наздикон, бо чеҳраи пур аз табассум ва дили ором зодрӯзашро таҷлил мекард, мутаассифона дар маҳбас бо ангезаҳои сиёсӣ ба сар мебарад, дур аз меҳру муҳаббати аҳли хонадон ва ҳаводоронаш.
Ин зодрӯз барои ӯ на рӯзи шодӣ, балки рӯзи андеша, ғам ва паёми равшанест ба ҷомеаи мо ки чаро инсонҳои боистеъдод ва ватанпарвар ба ҷойи истиқбол, аз озодӣ маҳруманд.
Доктор Шокирҷон Ҳакимов яке аз чеҳраҳои матраҳ ва устувори фикри демократӣ дар Тоҷикистони муосир аст. Ӯ на танҳо як ҳуқуқшиноси шинохта ва донишманд, балки яке аз шахсиятҳое буд, ки бо забони рост гуфтанро интихоб кард, ҳангоме ки аксарият сукутро авлотар донистанд.
Аммо дар кишваре, ки озодии баён ҳамарӯза маҳдудтар мегардад ва мухолифон аз саҳнаи сиёсӣ ба панҷараҳо ронда мешаванд, шахсиятҳое чун Ҳакимов ба ҷойи минбар бо девори зиндон рӯбарӯ мешаванд. Боздошти ӯ бо иттиҳомоти шубҳанок ва муҳокимаи пасипардагӣ нишондиҳандаи як низоми фишоровар ва нодида гирифтани принсипҳои адолати қонун аст.
Оё инсоф аст, ки шахсе ба мисли Ҳакимов, ки умри хешро ба тарбияи ҷавонон, адолати иҷтимоӣ ва мубориза бо худкомагӣ бахшидааст дар рӯзи таваллудаш дар паси панҷара боқӣ монад? Оё давлате, ки худро ҳуқуқбунёд меномад, бояд аз фикри дигарон ба ин ҳад битарсад, ки ҳатто як устоди донишгоҳро ба унвони хатар зиндонӣ кунад?
Имрӯз, фарзандон, набераҳо, шогирдон ва ҳазорҳо нафаре, ки бо андешаву роҳи Ҳакимов алоқаманданд, дар орзуи лаҳзае ҳастанд, ки ӯро боз озод, бо рӯҳи баланд ва сухани ҳақ дар саҳна бубинанд.
Мо ҷомеа, элита, ҷавонон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳақ дорем ва вазифа дорем, ки на танҳо дар зодрӯзи Ҳакимов, балки ҳар рӯз ҳақиқатро талаб кунем. Ҳақиқат ин аст, ки сиёсатмадори ба мисли ӯ бояд дар озодӣ бошад, на дар зиндон. Ӯ бояд дар назди фарзандонаш бошад, на дар зиндонҳои пӯшидаи золимон.
Зодрӯзи Шокирҷон Ҳакимов имрӯз рамзи як ҳодисаи фоҷиавӣ барои тамоми ҷомеаи мост. Рӯзе, ки мебоист бо табассум ва орзу таҷлил мешуд, ба рамзи беадолатӣ ва хомӯшии маҷбурӣ табдил ёфтааст.
Мо бовар дорем рӯзе фаро мерасад, ки фарзандони ин Ватан аз паси панҷараҳо озод хоҳанд шуд ва ҳақиқат пирӯз мегардад. То он замон, мо фаромӯш намекунем ва садои ҳақро баланд нигоҳ медорем.
Зодрӯз муборак, Шокирҷон Ҳакимов рамзи устувории андеша, озодӣ ва инсоният.
Бо эҳтиром
Созмони Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон